Дар гузориши нави "Global Drought Outlook", ки бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таҳия шудааст, Осиёи Марказӣ минтақаи осебпазир аз нигоҳи иқлимӣ номбар шудааст. Тоҷикистон ва ҳамсоякишрҳояшро хавфи хушксолӣ ва талафёбии пиряхҳо таҳдид мекунад.
Минтақа хушк мешавад
Дар пешгӯйии ҷаҳонии хушксолӣ, Осиёи Марказӣ ба сифати яке аз минтақаҳои бештар осебпазир ба хушксолӣ зикр шудааст. Сабабаш гармии босуръати ҳаво ва обшавии пиряхҳо, бахусус дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон арзёбӣ мешавад.
“Тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо суръат мебахшад... Ин барои амнияти минтақа дар масоили об хавфи дарозмуҳлат эҷод мекунад”, - зикр мешавад дар санад.
Тоҷикистон, ки беш аз 60% пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар он ҷойгир аст, ба гунаи як «бурҷи обӣ»-и минтақа унвон шудааст.
Аммо бо сабаби тағйироти иқлимӣ, ин нақш ҳарчи бештар ноустувор мешавад.

Бахши кишоварзӣ бештар зиён мебинад
Хушксолӣ барои соҳаи кишоварзӣ, ки манбаи асосии даромад ва амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон аст, хатарноктарин шуморида мешавад. Қариб тамоми зироатпарварӣ дар ин кишварҳо ба обёрии сунъӣ вобаста аст.
"Деҳқонон бо ҳосили ноустувор ва коҳиши даромад дучоранд, бахусус, дар минтақаҳое, ки ба обҳои аз кӯҳ ҷоримешуда вобастаанд", — зикр шудааст дар гузориш.
Дар гузориши Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (ВМО) ишора шудааст, ки соли 2023 ҳарорат дар Тоҷикистон, бахусус дар моҳҳои тобистон +1–2°C аз меъёри миёна баландтар буд.
Болоравии ҳарорат ба обшавии пиряхҳо суръат бахшида, хавфи хушксолӣ ва гармии шадидро бештар мекунад, ки дар навбати худ, ба бахши кишоварзӣ ва солимии аҳолӣ таъсир мерасонад.
Бино ба иттилои FAO, аз соли 2000 то 2023 хушксолиҳо дар ҷаҳон 29% афзуда, Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои бештар осебпазир дониста шудааст. Ин на танҳо ба кишоварзӣ, балки ба энергетика, тандурустӣ, шуғл ва муҳоҷират низ таъсир мерасонад.
Об ҳаст, лекин на барои ҳама
Дар Тоҷикистон зиёда аз 60%-и маҷрои оби Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз ҳисоби пиряхҳо ва манбаъҳои кӯҳӣ, ташаккул меёбад. Аммо кишвар худаш ба камбуди об дучор аст.
Сабабҳо маҷмӯавӣ мебошанд. Иқлим тағйир меёбад, наҳрҳои обёрӣ даҳсолаҳо рӯйи таъмирро надида, то 60%-и об ҳангоми интиқол ба саҳро талаф меёбад ва низомҳои идоракунии об бисёр вақт такрори ҳамдигаранд.
Бахусус ноҳияҳои деҳот осебпазиранд. Тибқи маълумоти Стратегияи миллии мутобиқат ба тағйирёбии иқлим (2019), ҳазорон хонаводаҳо аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бар асари имкон надоштан ба обёрӣ, ҳосилашонро талаф медиҳанд.
Солҳои хушксолӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд даромади кишоварзон 15-20% кам шуда, баъзе оилаҳо маҷбур мешаванд, ки барои харидани об чорвои худро фурӯшанд.

Хушксолӣ ба энергетика ва обёрӣ зарба мезанад
Беш аз 90% нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ таъмин мешавад. Аммо хушксолӣ сатҳи оби дарёҳоро паст мекунад, бахусус дар тобистон, ки авҷи истеъмоли об аст. Обанборҳо пас аз зимистони камбарф наметавонанд комилан пур шаванд, ки ин барои устувории таъминоти барқ хатари ҷиддӣ ба миён меорад.
Системаҳои обёрӣ дар ҷумҳурӣ кӯҳна шудаанд. Аз 14 ҳазор км каналҳо беш аз нисфашон ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд.
Маблағ ва монеаҳо
Кишварҳои минтақа буҷети маҳдуд дошта, ҳиссаи маблағгузорӣ ба соҳаи экология дар Тоҷикистон 1% аз ММД зиёдтар нест. Хушксолиҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маблағи беш аз 2 млн доллар дар давраи солҳои 2000-2006 зарар оварда, талафоти ҳосил дар Тоҷикистон то 30% мерасанд.
Соли 2023 маблағи талафот аз барқ 5,4 млн долларо ташкил дод. Суръати гармшавӣ дар Осиё яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон буда, ба +1,04°C расид. То 60%-и об дар наҳрҳо ҳангоми интиқол талаф ёфта, дар Тоҷикистон аллакай зиёда 1000 пирях аз байн рафт.
Таъмин бо оби нӯшокии бехатар барои 10 млн нафар дар саросари ҷаҳон дастнорас боқӣ мемонад.
Талафоти иқтисодӣ аз офатҳои табиӣ, ки хушксолӣ дар ин навбат дар охир нест, ҳамасола ба миллиардҳо доллар мерасад: Қазоқистон — $4 млрд, Ӯзбекистон — $2,8 млрд, Туркманистон — $2,7 млрд, Тоҷикистон — $400 млн, Қирғизистон — $270 млн.
Нисбатан бештар аҳолии Ӯзбекистон (1,4 млн нафар осебдидагон дар як сол), инчунин Қазоқистон ва Тоҷикистон (500 ҳазор нафарӣ дар як сол) осеб мебинад.
Тибқи пешгӯйиҳо, то соли 2050 бар асари хушксолиҳо Осиёи Марказӣ метавонад то 1,3%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилиашро аз даст дода, шумори муҳоҷирони иқлимӣ ба 5 млн нафар расад. Ин маълумот зарурати тадбирҳои таъҷилиро дар самти таҳкими инфрасохтори обӣ, идоракунии устувори захираҳои табиӣ ва ҳамкории минтақавӣ таъкид мекунад.

Тоҷикистон чӣ гуна ба хушксолӣ муқовимат мекунад?
Ғалаба бар хушксолӣ кори осон нест ва арзёбии нархи он дақиқан ғайриимкон аст. Ҳамааш ба миқёс ва методҳо вобаста аст. Лекин аллакай дар Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд, ки ба ҳифзи заминҳо аз таназзул ва норасоии об равона шудаанд.
Масалан, дар доираи лоиҳаи (Ташаббуси кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба идоракунии захираҳои замин (ИСЦАУЗР-2), ҳиссаи Тоҷикистон қариб 1,5 млн долларро ташкил медиҳад.
Он ба табодул ва паҳн кардани таҷрибаҳои пешқадам дар идоракунии бахши кишоварзӣ ва мубориза бо биёбоншавӣ равона гардидааст.
Барои коҳиши оқибатҳои хушксолӣ айни замон дар Тоҷикистон тадбирҳои зерин рӯйи даст гирифта мешаванд. Бунёди мамнуъгоҳҳо барои дарахтони мевадиҳанда ва ангур, сохтани гармхонаҳо бо обёрии қатрагӣ дар деҳот, сохтмони обанборҳои оби нӯшокӣ дар минтақаҳои хушк, ҷорисозии маълумотсанҷҳои фосилавӣ дар манбаъҳои об барои пайгирии вазъият дар вақти воқеӣ, санҷиши зироатҳои ба хушкӣ тобовар ва ҷорисозии технологияҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҷангалҳо, аз ҷумлаи чунин тадбирҳоянд.
Ҳамчунин аз соли 1997 Тоҷикистон дар Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ шомилд шуда, кӯшиш дорад, ки дар шароити тағйирёбии иқлим технологияҳои барои захираҳо самаранокро мутобиқ созад. Ин иқдомот на танҳо ба захираи об ва нигаҳдории ҳосилхезии замин ёрӣ мерасонанд, балки устувории амнияти озуқавориро дар оянда таъмин мекунанд.







