Сарфи назар аз хавфҳои беруна, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба рушд идома медиҳад. Таҳрикдиҳандагони асосӣ - талаботи дохилӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, дастгирии буҷет ва сармоягузорӣ арзёбӣ шудааст.

Соли 2025 иқтисоди Тоҷикистон то 8,4% боло меравад

Сарфи назар аз хавфҳои ҷаҳонӣ, иқтисоди Тоҷикистон рушди устуворро нишон медиҳад. Мувофиқи гузориши ахири макроиқтисодии Бонки авруосиёии рушд (БАОР), суръати афзоиши ММД-и кишвар дар соли 2025 дар сатҳи 8,4% боқӣ мемонад.

Соли 2026 аз  рушд дар сатҳи 8,0% ва дар соли 2027 - 7,1% интизорӣ меравад. Коршиносони бонк таъкид мекунанд, ки кишвар самти тамоюли рушди устуворро касб карда, нишондиҳандаи рушд аз сатҳи миёна дар минтақа баландтар аст.

Афзоиш аз ҳисоби талаботи баланди дохилӣ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои калидӣ ва ҳамчунин нархҳои баланди тилло дар ҷаҳон, ки яке аз асоситарин молҳои содиротии кишвар маҳсуб меёбад, таъмин карда мешавад.

Аллакай дар семоҳаи аввали соли 2025 афзоиши ММД дар мизони 8,2%-и солона ба қайд гирифта шуд. Баландтарин суръати афзоиш дар саноат (+23,4%), савдо (+10,6%), ҳамлу нақли бор (+18,7%) ва интиқоли мусофирон (+16,6%) ба мушоҳида расид.

Бахши кишоварзӣ низ тамоюли мусбат нишон дод — +7,2%.

Дар рушди иқтисод саҳми зиёдтарин ба соҳаи истихроҷи фулузот (металлҳо)-и ранга ва қиматбаҳо рост омада, ҳаҷми истеҳсолот дар ин бахш дар се моҳи аввали сол 80% афзоиш ёфт. Бахши энергетика низ рушди устувор нишон дод - 10%.

Дар ҳамин ҳол, саноати коркард танҳо 2,1% афзоиш ёфта, вале дурнамоҳо мусбат арзёбӣ мешаванд: аз ҷумла, интизор меравад, ки соҳаи нассоҷӣ пас аз ҳосили нокофии пахта дар соли гузашта барқарор гардад.

Даромад ва истеъмол иқтисодиёти дохилиро тақвият медиҳанд

Коршиносони БАОР чунин мешуморанд, ки даромади воқеии аҳолӣ ҳамоно дар ҳоли рушд қарор дорад.

Давоми моҳҳои январ–феврал маоши миёнаи воқеӣ 21,6% боло рафт, ки талабот дар бозори дохилиро дастгирӣ кард. Ҳаҷми савдои чакана 8,1% зиёд шуд.

Илова бар ин, дар семоҳаи IV соли 2024 интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар 20,8% афзуд, ки низ ба афзоиши истеъмол мусоидат намуд.

Даромад ва истеъмол иқтисодиёти дохилиро тақвият медиҳанд
Сурат: asia-dev.vitaly.eastera.tj

Сармоягузорӣ: коҳиши муваққатӣ ва минбаъд барқароршавӣ

Дар семоҳаи аввали соли 2025 маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 10,1% коҳиш ёфта, аммо мутахассисон инро ба заминаи баланди соли пешин рабт медиҳанд.

Дар семоҳаи дуюм ба туфайли татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, маблағгузории байналмилалӣ ва рушди барномаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ, аз  эҳёи фаъолмандии сармоягузорӣ интизорӣ меравад.

Савдои хориҷӣ ва қурби асъор

Воридот 23,8% афзуда, ба 1,9 млрд доллар расид, асосан аз ҳисоби харидории воситаҳои нақлиёт (+70%) ва таҷҳизот (+17%).

Содирот, баръакс, 15,7% коҳиш ёфта, бинобар таваққуфи муваққатии интиқоли тилло ба 0,5 млрд доллар расид.

Тавозуни манфии савдо 1,3 млрд долларро ташкил дода, аммо интизор меравад, ки дар нимсолаи дуюм бо барқароршавии содирот коҳиш ёбад.

Қурби сомонӣ дар моҳи майи соли 2025 то 10,33 барои як доллари ИМА қавӣ шуд — 5,4% баландтар нисбат ба моҳи декабр. Ин ба афзоиши даромад аз содирот ва пастравии қурби доллар дар бозори ҷаҳонӣ марбут аст.

Таваррум зери назорат

Дар моҳи прели соли 2025 мизони таваррум 3,6%-ро ташкил дод, ки ба ҳудуди ҳадафноки Бонки миллӣ (5% ± 2%) мувофиқ аст. Онро устувории қурби асъори миллӣ, инчунин коҳиши нархҳо ба ғизо ва манбаъҳои энергетикӣ дар ҷаҳон нигоҳ медорад.

Тибқи пешгӯии БАОР, дар солҳои 2026–2027 таваррум дар ҳудуди муқарраргардида боқӣ мемонад, вале бо назардошти талаботи устувори истеъмолӣ, афзоиши нархҳо ба маҳсулот ва тадриҷан заъифшавии сомонӣ, метавонад ба ҳадди болоӣ (то 6%) наздик шавад.

Коллажи Asia-Plus

Сиёсати пулию қарзӣ: сабукиҳо идома доранд

Дар моҳи майи соли 2025 Бонки Миллӣ меъёри бозтамвилро то 8,25% поён бурд, ки ин поинтарин сатҳ дар нуҳ соли охир мебошад. Ин тасмим барои дастгирии фаъолияти иқтисодӣ гирифта шудааст.

Дар соли 2026 барои нигоҳ доштани таваррум дар доираи мақсаднок, эҳтимоли то 11% болоравии меъёр вуҷуд дорад.

Буҷет: барзиёдӣ дар пасманзари афзоиши хароҷот

Сарфи назар аз афзоиши хароҷоти давлатӣ ба андозаи 33%, даромад ба буҷети кишвар барзиёд боқӣ мемонад — 1,2 млрд сомонӣ, ё худ 3,7%-и ММД.

Мутахассисони БАОР бар ин назаранд, ки сиёсати молиявии давлатӣ ҳамоно мутавозин ва ҳавасмандкунанда боқӣ монда, ба дастгирии соҳаҳои калидӣ ва қишрҳои осебпазири аҳолӣ нигаронида шудааст.

Дурнамо ва хавфҳо

Дар соли 2026 рушди ММД 8,0% ва дар соли 2027 — 7,1% хоҳад буд. Ин бо расидани иқтисод ба сатҳи иқтидори имконпазир (потенсиалӣ)-и худ ва эҳтимоли коҳиши дастгирии хориҷӣ, аз ҷумла интиқоли маблағҳо ва даромад аз содирот алоқаманд аст.

Ба қатори хатарҳои беруна метавон чунин омилҳоро шомил кард: сустшавии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, коҳиши нархҳои ашёи хом (пеш аз ҳама, тилло ва алюминий) ва камшавии ҳаҷми интиқолҳои маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ.

Бино ба хулосаи БАОР, барои коҳиши таъсири ин омилҳо дар Тоҷикистон захираҳо мавҷуданд: сиёсати буҷетии фаъол, ҷалби сармояи байналмилалӣ ва эҳтимоли поинравии нархи воридот.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.