Дар зарфи 6 моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон зиёда аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содир шуд, ки 13,1 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, маҳсулот аз Тоҷикистон ба 25 кишвар интиқол ёфта, аз ин ҳаҷм 89 дарсадаш ба кишварҳои ИДМ ва ҳамагӣ 11 фоизаш ба кишварҳои хориҷи дур рост омадааст.
Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзие, ки тариқи гузаргоҳҳои марзии вилояти Суғд интиқол дода шудааст, 80 ҳазор тонна, вилояти Хатлон - 5,2 ҳазор тонна, шаҳри Турсунзода - 4,6 ҳазор тонна, шаҳри Душанбе - 189 тонна ва ВМКБ - 66 тоннаро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки моҳи июл нашр шудааст, саҳми нисбатан бештари даромад аз содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хушкмева ва омехтаи чомағзҳо - ҳудуди 14 млн доллар ба миқдори 34 ҳазор тонна рост омадааст.
Саҳми даромад аз тухми мурғ - зиёда аз 2,3 млн доллар ба миқдори 1,7 ҳазор тонна низ назаррас аст.
Аз фурӯши меваи тару тоза, аз ҷумла зардолуву гелос, шафтолу ва олу ба миқдори 4 ҳазор тонна зиёда аз 2,6 млн доллар даромад ба даст оварда шудааст.
Пиёз дар ҳаҷми қариб 14 ҳазор тонна ба маблағи 1,6 млн доллар ба хориҷи кишвар интиқол дода шудааст.
Аз содироти паранда, асосан аз мурғчӯҷаҳо зиёда аз 1,5 млн доллар даромад гирифта шудааст.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста