Аз 1-уми январи соли 2026 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 75 сомонӣ ба 78 сомонӣ боло меравад. Бо зиёд шудани ин нишондиҳанда андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, иловапулиҳо ва дигар пардохтҳо низ афзоиш меёбанд.

Дар ин бора, дар матни қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2026, ки аз сӯйи ҳукумати кишвар тасдиқ шуд, зикр шудааст.

Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз ҷумла, ҳаҷми ҷарима барои қонуншиканиҳо зиёд мешавад. Дар ин мавод андозаи ҷаримаи қонуншиканиҳои дар ҷомеа маъмулро, ки дар Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар гардидаанд, барои соли 2026, бо ишораи ҷаримаи ҳозира ва фарқияти арзиши болоравиашон гирд овардем.

Дар баргаҳои зер бо ҳаҷми ҷаримаҳо дар соли равон ва соли оянда шинос шавед:

 

1/14

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.