Дар нимаи аввали соли 2025 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон 70,8 миллиард сомонӣ, сатҳи таваррум 1,8% ва гардиши савдо беш аз 33 млрд сомониро ташкил додааст. Дар ин бара  Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар имрӯз, 6 август зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. 

Ба иттилои ӯ, ҳаҷми ММД-и мамлакат дар моҳҳои январ-июни солҳои 2021-2025 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020, 2,9 баробар афзоиш ёфтааст.

Тибқи иттилои пешниҳодгардида, суръати рушди иқтисоди миллӣ дар моҳҳои январ-июни 5 соли охир ба ҳисоби миёна 8,1%-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2016-2020 1,9% бештар аст.

Завқӣ Завқизода гуфт, ҳаҷми иқтисоди миллӣ дар 6 моҳи соли 2025 асосан аз чунин  ҳисоб таъмин гардид::

-  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ - 24%;

-  маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ - 14,6%;

- хидматрасонии пулакӣ - 12,8%;

- кишоварзӣ - 9,7%;

- боркашонӣ - 9,3%;

- гардиши савдо - 9%;

- мусофиркашонӣ - 5,8% 

Сатҳи таваррум дар ин давра 1,8%-ро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ пасттар будааст. Ба гуфтаи Завқизода, таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархҳои маҳсулоти озуқа - 2,9% ва арзиши тарофаҳои хидматрасонӣ - 3,4% ташаккул ёфтааст.

Ба иттилои вазир, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ дар 6 моҳи аввали ҳамин сол 33 млрд 313 млн 700 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин нишндиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9% бештар будааст. 

“Аз ин ҳисоб, 8,1%-и гардиши умумии савдоро савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва мотосиклҳо ташкил медиҳад” - илова кард ӯ.

Гардиши савдои хориҷӣ бошад, дар ин нимсолаи аввал имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% афзоиш ёфта, беш аз 4 млрд 731 млн долларро ташкил дод. 

Дар ин давра ба маблағи умумии 13 млрд 508 млн 900 ҳазор сомонӣ хидматрасониҳои пулакӣ расонида шудааст. Ин нишондиҳанда дар моҳҳои январ-июни соли гузашта 2,8% камтар буд. Аз ин маблағ, хидматрасониҳои пулакӣ ба маблағи беш аз 9,5 млрд сомонӣ ё  70,7% ба аҳолӣ расонида шудааст. 

 

Содирот коҳишу воридот афзоиш ёфтааст

Дар 6 моҳ ҳаҷми содирот нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 4,3% коҳиш ёфта, беш аз 955 млн доллар расидааст ва воридот 10,5 афзоиш ёфта, беш аз 3 млрд 775 млн долларро ташкил додааст. 

Омили асосии кам шудани содиротро дар вазорат ба беш аз 297 млн доллар кам шудани содироти металлҳои қиматбаҳо рабт дод. 

Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли 2025 асосан чунин маҳсулот содирот кардааст.:

- металлҳои нимқиматбаҳо (сурма) - 30%;

- маъданҳо - 26,5%;

- алюминии аввалия ва маҳсулоти аз он - 13,8%; 

- нахи пахта - 5,7%;

- қувваи барқ - 5,7%;

- маҳсулоти кишоварзӣ - 3,4%;

- мис ва маҳсулоти аз он омодашуда - 2,6%;

- либос - 2,2%;

- ангишт - 1%;

- семент - 1% 

Дар ин давра ба Тоҷикистон асосан чунин маҳсулот ворид шудааст:

- маҳсулоти озуқаворӣ - 8,3%;

- маҳсулоти озуқаворӣ барои коркард - 9,7%;

- воситаҳои нақлиёт - 13%;

- маҳсулоти нафтӣ - 11,7%;

- таҷҳизоти технологӣ - 7,9%;

- металлҳои сиёҳ - 7%;

- таҷҳизоти электрикӣ - 6,3%;

- чӯбу тахта ва маҳсулот аз он - 4,3%;

- гази моеъ - 3,2%;

- маҳсулоти полимерӣ - 3,1%

Тибқи гуфтаи Завқӣ Завқизода, Русия ҳамоно яке аз шарикони тиҷоратии асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад. 

Ба иттило ӯ, дар 6 моҳи гузашта гардиши савдо миёни Тоҷикистон ва Русия 111% афзоиш ёфта, ба 1 млрд 71 млн доллар расидааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.