Аз 14 то 16-уми октябр шаҳри Душанбе Форуми байнулмилалии сармоягузорӣ "Dushanbe Invest Forum-2025" баргузор мегардад, ки мавзӯи асосии он лоиҳаҳои сабз, иқтисоди рақамӣ ва моделҳои нави рушди саноатӣ мебошад.
Ташкилкунандаҳо бовар доранд, ки чорабинӣ огоҳии муҳим барои тиҷорати байналмилалӣ оид ба омодагии Тоҷикистон ба рушди устувор ва воридшавии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ мешавад.
Дар доираи кори форум дурнамои нерӯи барқи барқароршаванда, ҷорисозии таҷрибаҳои "ESG", маблағгузорӣ ба иқлим ва рушди сайёҳии экологӣ баррасӣ мешаванд.
Бахши ҷудогона ба рақамисозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, молия ва техника, амнияти киберӣ ва хадамоти нави электронӣ бахшида мешавад. Рушди босуръати саноат, имконоти нав барои минтақаҳои саноатӣ ва истеҳсолоти ивазкунандаи воридот боз як самти дигар маҳсуб меёбад.
Барнома аз ҷаласаҳои мавзӯӣ бо иштироки президени Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарони сатҳи байнулмилалӣ ва раисони корпоратсияҳо, муколамаҳои мавзӯӣ дар соҳаҳо, "Startup Summit 2025", намоишгоҳи инноватсияҳо, инчунин тренингу маърӯзаҳо барои соҳибкорони ҷавон иборат аст.
Барои иштирокчиёни хориҷӣ боздидҳо аз иншооти саноатӣ ва манзараҳои табиати кишвар, инчнуин барномаи фарҳангӣ бо консерту намоишгоҳҳо ва шомгоҳҳо бо таъомҳои миллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Форум аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти шаҳрдории Душанбе бо дастгирии ҳукумат созмон дода мешавад. Чорабиниҳои асосӣ дар маҷмааи миллии “Кохи Ваҳдат” баргузор мешаванд.





Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста