Мақомоти Тоҷикистон тайи солҳои ахир ҳарчи бештар дар бораи азхудкунии нерӯи барқи офтобӣ сухан мегӯянд. Ҳамчунин, барои истеҳсоли он баъзе корҳои амалӣ ҳам мекунанд.
Ҳамин тариқ, нимаи моҳи октябр дар доираи ҳамоиши байналмилалии “Душанбе Инвест-2025” байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва ширкатҳои гуногун дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидории умумии 2 ҳазор мегаватт (МВт) чанд санад ба имзо расиданд.
Аз ҷумла, Вазорат бо ширкати "Wuhan Building Material Industry"- Чин, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ бо иқтидори 500 МВТ дар вилояти Суғд протокол ба имзо раоснид. Ширкат ҳамчунин, роҳҳои ҳалли тозакунии партовҳои газ ва истеҳсоли барқ аз манбаҳои таҷдидшавандаро пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, Тоҷикистон бо ширкати "Ejing Technology"-и Чин, ки дар он сохтмони нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт дар вилояти Хатлон ба нақша гирифта шудааст, санад имзо крад. Ин лоиҳа ба стратегияи гуногунсамт кардани манбаъҳои энергия дар минтақаҳо бо имконоти баланди истифода аз нури офтоб идома мебахшад.
Санади дигар, ёддошти тафоҳум бо ширкати "Росатом Энергия Возобновляемая"-и Русия, ки дар доираи он амалисозии лоиҳаҳои муштарак оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори то 500 МВт дар Тоҷикистон дар назар аст. Созишнома инчунин масоили омӯзиш ва табодули таҷриба дар соҳаи энергетикаи барқароршавандаро низ фаро мегирад.

Дар Вазорати энергетика гуфтанд, ки қарордодҳои имзошуда ба "беҳбуди амнияти энергетикии кишвар ва рушди манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия равона шудааст".
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ин ниҳод, то охири соли ҷорӣ дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнони ВМКБ нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 МВт ба истифода дода мешавад, ки ба иқтидори умумии электроэнергетикии вилоят 7% илова мекунад.
Иқтидори умумии насбшудаи нерӯгоҳҳои минтақа, ки зери идораи ширкати хусусии “Помир Энержи” қарор дорад, ҳудуди 45 МВт-ро ташкил медиҳад.
Соли 2023 дар бораи мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 600 МВт дар ноҳияи Мурғоби ин минтақа сухан мерафт.
Аввали соли равон раҳбарияти Вазорати энергетика дар бораи на дертар аз соли 2027 мавриди истифода қарор гирифтани 2 нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 400 МВт хабар дода буд.
Он замон зикр гардида буд, ки то соли 2030 афзоиши иқтидори электроэергетикии кишвар аз ҳисоби нерӯи офтоб ва бод ба андозаи 1,5 ҳазор МВт ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ҳамгироӣ бо нерӯи офтобӣ ба гуногунсозии тавозуни энергетикии кишвар имкон дода, вобастагӣ ба тағйироти мавсимии гидроэнергетикаро коҳиш медиҳад. Ин бахусус дар мавсими тирамоҳу зимистон, ки сатҳи об дар дарёҳои кам шуда, истеҳсол дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ коҳиш меёбад, муҳим аст.

Имконоти нерӯи офтобӣ
Истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ айни замон дар ҷумҳурӣ начандон назаррас аст. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2024 аз ҳисоби энергияи офтоб 1,5 млн кВт/соати нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки 0,01% з ҳаҷми умумии истеҳсолро ташкил медиҳад.
Дар Вазорати энергетика тасдиқ мекунанд, ки иқлими Тоҷикистон, ки ба ҳисоби миёна 280-330 рӯзи офтобӣ дар як солро дар бар мегирад, барои истифодаи нерӯи офтоб хеле мусоид мебошад.
Дар ноҳияҳои ҷануб ва ғарби кишвар дар як сол ҳудуди 300, дар ноҳияҳои марказӣ - 250-270 ва дар ВМКБ - 220-260 рӯзи офтобӣ мавҷуд аст, ҳарчанд ин ҷо бар асари баландӣ нисбати сатҳи баҳр ва атмосфераи бештар тоза, шиддатнокии нури офтоб баландтар аст.
Шуоъи офтоб дар қаламрави кишвар ба ҳисоби миёна ҳудуди 4,5-5,5 кВт*с/ м² дар як рӯзро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи хеле баланд аст. Ин маънои онро дорад, ки ҳар як метри мураббаъи замин дар кишвар дар як рӯз аз офтоб ба ҳисоби миёна 4,5-5,5 кВт*соат энергия мегирад.
Тасаввур кунед, ки дар замини андозааш 1 метри мураббаъ панелҳои офтобӣ насб мекунед. Агар он 4,5-5,5 кВт*соат энергия гирад, ин маънои онро дорад, ки дар зарфи 1 рӯз ин панел ҳамон қадар нерӯ истеҳсол карда метавонад, ки масалан барои пур кардани нерӯи ноутбук ё равшан кардани якчанд чароғ (лампочка) барои якчанд соат кофист.
Барои чунин андозаи масоҳат ин нерӯи ба таври назаррас зиёд буда, маҳз барои ҳамин Тоҷикистон беҳтарин кишвар барои насби панелҳои офтобӣ шуморида мешавад.
Ба сурати умум, энергетикҳо чунин ҷиҳатҳои мусбати энергияи офтобиро зикр мекунанд:
- коршоямӣ дар тамоми муддати сол (бахусус зимистон, вақте ки сатҳи об дар дарёҳо поин рафта, итесҳоли барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ кам мешавад);
- хеле зуд насб кардан ва бузургмиқёсӣ (панелҳои офтобиро метавон дар ноҳияҳои дурдаст ва маҳаллаҳои аҳолинишини хурд насб кард);
- хароҷоти кам барои истифода ва тозагии экологӣ;
- дастгирии байнулммилалӣ (лоиҳаҳои энергияи офтобӣ бисёр вақт аз ҷониби фондҳои байнулмилалӣ (масалан Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди сабзи иқлимӣ) маблағгузорӣ карда мешаванд)
Ба ҷиҳатҳои манфӣ омилҳои зеринро нисбат медиҳанд:
- ноустувор будани истеҳсол (ба вақти шабонарӯз ва шароити обуҳаво ваобаста аст);
- зарурат ба дастгоҳҳои ғизоҷамъкун (батареяҳо), ки арзиши лоиҳаҳоро зиёд мекунад;
- арзиши ибтидоиии нисбатан баланд (ҳарчанд он тадриҷан кам мешавад);
- истеҳсоли ками энергия аз 1 м² нисбат ба нерӯгоҳҳи барқи обии бузург.

Ҷойгузини об?
Бештар хотиррасон намудани энергетикаи офтобӣ аз ҷониби мақомот ва энергетикҳо аввали даҳсолаи ҷорӣ, пас аз оғози давраи камобӣ хеле зиёдтар шуд.
Коршиносон мегуфтанд, ки камобӣ падидаи давравӣ буда, ҳар 10-20 сол дар минтақа рух медиҳад ва якчанд сол давом мекунад. Ахиран ин падида тобистони соли 2000-ум рух дода буд, вале он замон сатҳи об дар дарёҳои фаромарзӣ аллакай дар соли минбаъда барқарор шуд.
Лекин камобии ҳозираи тӯлонӣ дар минтақа аллакай чандин сол боз давом дорад.
Коршиносон огоҳ мекунанд, ки бо назардошти тағйирёбии иқлим ва обшавии тези пиряхҳо, захираҳои об тадриҷан коҳиш ёфта, аз нерӯгоҳҳои барқи обии бе об ягон манфиате нест.
Мутахассисони Бонки авруосиёии рушд қаблан изҳор дошта буданд, ки Осиёи Марказӣ дар солҳои наздик “метавонад ба ҳолати камбуди доимии шадиди захираҳои об дучор гардад”.
Онҳо зикр карда буданд, ки “ҳолати душвори марбут ба захираҳои об дар давоми 5 соли наздик метавонад шадид шавад ва он замон Осиёи Марказӣ бо камбуди ҷиддии об дучор мешавад”.
То аввали даҳсолаи ҷорӣ асосан дар бораи “имконоти бузурги гидроэнергетикӣ” сухан мерафт, ки истеҳсоли 527 млрд киловатт-соат дар як сол арзёбӣ мешуд. Барои он, ки фаҳмо бошад, соли 2024 дар ҳамаи нерӯгоҳҳои кишвар 22,4 млрд кВт*соат нерӯи барқ истеҳсол шуд, ки ҳамагӣ ба 4,3% аз имконоти арзёбишуда баробар аст.
“Аз лиҳози техникӣ захираҳои нерӯи барқи обии кишвар дурнамои хуб дошта, 317 млрд кВт*соат дар як сол арзёбӣ мешаванд”, - зикр мекунанд дар Вазорати энергетика.
Зикр мешавад, ки Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон мақоми 8-ум (пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада) ва мақоми 1-ум - дар минтақаи Осиёи Марказиро касб мекунад.
Гуфта мешавад, имконоти гидроэнергетикии кишвар дар муқоиса бо истифодаи ҳозираи нерӯи барқ дар тамоми Осиёи Марказӣ се баробар зиёдтар аст.
“Дар сурати истифодаи самараноки ин захираҳо, минтақа метавонад бо нерӯи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шавад”, - илова кардаанд дар Вазорати энергетика.
Коршиносони байнулмилалӣ тасдиқ мекунанд, ки Тоҷикистон аз имконоти бузурги энергияи офтобӣ низ бархӯрдор аст ва истифодаи самараноки панелҳои офтобӣ қариб муддати тамоми сол имконпазир аст.
“Шароити иқлим дар Тоҷикистон барои истифодаи нерӯи барқи офтобӣ мусоид аст. Сатҳи радиатсияи офтобӣ асосан дар мавзеъҳои кӯҳистон баланд аст”, - зикр мекунанд мутахассисони Бонки осиёии рушд.
Аммо онҳо бар ин назаранд, ки бар асари як қатор омилҳо, энергияи офтобӣ ба гумони ғолиб, технологияе шуморида намешавад, ки мушкили таъминот бо барқ дар Тоҷикистонро ҳал карда тавонад.
Аз ин рӯ, онҳо ба чунин хулоса расиданд, нерӯи барқи офтобӣ ба сифати варианти афзалиятноки таъминот бо барқ баррасӣ намешавад.
“Хароҷоти нисбии энергияи офтобӣ мисли пешин нисбат ба хароҷоти нисбӣ ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба таври назаррас баланд аст, зеро энергияи офтобӣ наметавонад иқтидори кафолатдодаро, ҳадди ақалл дар дурнамои миёнамуҳлат таъмин кунад. То замоне, ки тахнологияи захира ё нигаҳдории энергияи офтобӣ таҳия нашаванд, ба гумони ғолиб, он наметавонад мушкили таъминот бо барқро дар Тоҷикистон ҳал кунад”, - шарҳ додаанд таҳлилгарони Бонки осиёии рушд.







