Ҳукумати Тоҷикистон дар соли оянда ният дорад, кии ҳудуди 5,1 млрд сомонӣ (548 млн доллар)-ро ба хидматрасонии қарзи асосии хориҷии кишвар равона кунад. Дар ин хусус дар лоиҳаи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2026” сухан меравад.
Аз ин маблағ беш аз 3,3 млрд сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва ҳудуди 1,8 млрд сомонӣ бар баргардонидани қарзи асосӣ аз рӯи созишномаҳои қарзи фаръӣ ҷудо мешаванд.
Дар хидматрасонии қарзи хориҷӣ ширкатҳои зерин иштирок мекунанд:
- ҶСК «Барқи точик» — 1 млрд 553 млн сомонӣ;
- КВД «Обу корези Душанбе» — 10 млн сомонӣ;
- ҶСК «Тоҷиктрансгаз» — 6 млн сомонӣ;
- ҶСК «Помир энержи» — 10 млн сомонӣ;
- ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» — 84 млн сомонӣ;
- КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» — 80,2 млн сомонӣ.
- КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» — зиёда аз 11,4 млн сомонӣ.
Барои баргардонидаи қарзи дохилӣ ба маблағи зиёда аз 473 млн сомонӣ дар буҷети соли 2026 маблағгузории ҳудуди 152,6 млн сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст. Пардохти боқимонда 320,4 млн сомонӣ аз ҳисоби даромадҳои амонати Вазорати молия дар Бонки миллии Тоҷикистон ва даромадҳо аз фурӯш ва иҷораи амволи бонкҳои барҳамхӯрдаи кишвар - “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки ба моликияти давлатӣ табдил ёфтаанд, ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, соли 2026 ҳукумат ният дорад, ки барои амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 6,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 678 млн доллар) қарзҳо ҷалб намояд.
Бино ба маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли равон 3 млрд 37 млн долларро ташкил медиҳад, ки 151 млн доллар ё худ 4,7% камтар нисбат ба аввали ҳамин сол аст.
Ҳудуди 95,5% (қариб 2,9 млрд доллар) дар сохтори қарзи беруна ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хидматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад. Қарзҳо бо кафолати давлатӣ каме бештар аз 138 млн долларро ташкил медиҳанд.
Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин мебошад, ки ҷумҳурӣ ба он зиёда аз 700 млн доллар қарздор аст. Тоҷикистон ба маблағҳои нисбатан зиёд ҳамчунин ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ қарздор мебошад.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста