Ба иттилои Вазорати молияи кишвар, барои дарёфти ин маблағ имрӯз, 2-юми декабр, дар Душанбе миёни ин ниҳод ва Бонки осиёии Рушд созишномаҳои грантӣ имзо шудаанд. Дар ин бора Вазорати молияи кишвар хабар додааст.
Созишномаҳоро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Ко Сакамото, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.
Маблағи мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои зерин ҷудо мегардад:
- “Барномаи беҳтар намудани муҳити тиҷорат бо назардошти тағйирёбии иқлим ва афзоиши имкониятҳои шуғли сабз” - 50,0 млн доллар (барои дастгирии буҷет);
- “Барномаи рушди соҳаи молиявӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода бо дарназардошти равиши бисёрсатҳии идоракунии хавфҳо” –28,2 млн доллар;
- “Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ” - 17,0 млн доллар;.

Ба иттилои Вазорати молия, мақсади ин лоиҳаҳо дастгирии рушди соҳибкории хусусӣ, ҷалби сармоягузории мутобиқ ба иқлим, пешбурди рақамикунӣ ва таҳкими идоракунии молиявӣ, коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим, пешбурди ислоҳоти молиявӣ, густариши бозори суғурта ва беҳтарсозии идоракунии чарогоҳҳо дар Тоҷикистон аст.
Бонки осиёии рушд мададрасони асосии молиявии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз соли 2018 иқтисоди Тоҷикистонро танҳо дар шакли кумаки бебозгашт дастгирӣ мекунад.
Аз ҷумла, БОР соли 2022 ба Тоҷикистон ба сифати кумаки бебозгашт 221 млн доллар, соли 2023-юм 80 млн доллар ҷудо карда, соли гузашта ихтисос додани 240 млн доллар грантро дар нақша дорад.
Аз соли 1998 Бонк барои Тоҷикистон зиёда аз 180 лоиҳаро ба маблағи умумии 2,5 млрд доллар, аз ҷумла 1,9 млрд доллар дар шакли грант маъқул донист.
Ҳудуди 34% аз ин кумак ба соҳаи нақлиёт, 24% - ба энергетика, 12% - ба идоракунии давлатӣ, 11% - ба бахши кишоварзӣ ва қисмати боқмонда - ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, молия ва зерсохтори шаҳр рост меояд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста