Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Тоҷикистон то охири сол соҳиби 8 василаи нақлиёти тахассусии наҷотбахш мегардад.
Тавре муовини аввали раиси ин Кумита генерал-майор Абдусатор Хушвахтов рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои харидории ин техникаҳо аллакай 5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.
«Аз ҳашт василаи нақлиётии пешбинишуда, ки дар корхонаҳои Русия бароварда шудаанд, панҷтояш аллакай моҳи сентябр вориди кишвар мешаванд»,- гуфт ӯ.
Ба қавли Хушвахтов, арзиши ҳар як аз ин мошинҳо аз 80 ҳазор то 150 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Мавсуф таъкид кард, ки соли гузашта Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳамагӣ ду воҳиди техникаи тахассусиро харидорӣ кардааст.
Дар ин ниҳод иброз доштанд, ки то кунун фақат наҷотбахшони пойтахт ва вилояти Суғд чунин техникаҳоро дар ихтиёр доранд.
«Дар нақша аст, ки ояндаи наздик ҳамчунин ситодҳои дигар навоҳӣ ва шаҳрҳо бо чунин василаҳои нақлияи тахассусӣ муҷҷаҳаз гардонида шаванд»,- афзуд Хушвахтов.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста