Ронандаеро, ки ду нафар роҳгузаронро пахш намудаву аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд, суди шаҳри Хуҷанд ба 5 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин садама яке аз ҷабрдидагон ҳалок ва дигарӣ ба бемористон мунтақил шуда буд.
Аз суди шаҳри Хуҷанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки донишҷӯи 21-солаи яке аз мактабҳои олии минтақаи шимоли ҷумҳуриро суд дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи 212, қ. 2 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон, расонидани зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст) ва 127, қ. 2 (Дар хатар монондан, ки агар аз беэҳтиётӣ боиси марги ҷабрдида гардида бошад)-и КҶ ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба муддати 5 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум кард ва ҳамчунин ӯ аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт дар муддати 3 соли баъди адои ҷазо низ маҳрум карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ин ҳодиса шоми рӯзи 16-уми сентябри соли равон рух дод. Ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерселес-Бенс», донишҷӯи 21-солаи яке аз мактабҳои олии вилояти Суғд К.Ф. ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд дар кӯчаи ба номи Ленини шаҳри Хуҷанд ду нафар роҳгузаронро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Бар асари ин садама Бахтиёр Тӯрабеков, падари се фарзанд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, раҳгузари дигар Шуҳрат Алимбоеви 21-соларо шоҳидони ҳодиса ба бемористон мунтақил карда, ӯро наҷот доданд.
Гунаҳкори садамаи нақлиёт баъдтар боздошт шуд. Маълум шуд, ки он рӯз ӯ бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва шиносномаи техникӣ автомашинаро идора мекардааст.
Арабистони Саудӣ гувоҳномаи эмгузаронӣ аз менингитро талаб мекунад. Дар куҷои Тоҷикистон метавон эм гирифт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2025
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста