Ҷабрдидагони садамаи нақлиёт бо иштироки Расул Амонуллои 16-сола, писари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» баёнот додан муқобили ӯро рад карданд, вале сарфи назар аз ин, ВКД тафтиши парвандаи ҷиноии мазкурро, ки дар он сокини 21-солаи пойтахт Умар Шарифов низ ҳузур дорад, идома медиҳад.
Азиза Рӯзиеваи 20-сола ҳарчанд аз садама осеби зиёд дидааст, аз шикоят нисбати Расули Амонулло даст кашидааст. Ин духтар аллакай ду ҷарроҳиро паси сар намуда, пас аз як сол ӯро боз як ҷарроҳии дигар интизор аст. Айни замон Азиза дар хона қарор дошта, бистарӣ аст.
Ба гуфтаи ҷабрдида, ӯ барои он аз баёнот додан муқобили Расули Амонулло даст кашидааст, ки умедвор аст онҳо маблағи ҷарроҳии сеюмро ҳам пардохт намуда, дар ниҳояти кор ӯ бо пойи худ равон мешавад.
Модари ҷабрдида мегӯяд, барои муолиҷаи духтарашон онҳо беш аз 2 ҳазор доллари ИМА қарз гирифтаанд. «Имрӯз мо барои муоина ба бемористон омадем, ва маблағи он зиёд буда, аз ин рӯ, қарор кардем, ки кумаки падари Расули Амонуллоро бипазирем», - шарҳ медиҳад ӯ.
Азизаи ҷабрдида ҳамчунин илова кард, ки ҳеҷ шикояте надорад ва танҳо умедвор аст, ки иштирокчиёни садамаҳои нақлиёт дигар ба мардум зарар намерасонанд.
Ба ҷабрдидаи дигари садама донишҷӯи соли 5-уми Донигоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Шокир Маҳкамов лозим омад, ки аз супурдани имтиҳоноти нимсола даст кашад, зеро пас аз садама вазъи солимиаш он қадр хуб нест. Ӯ се ҷарроҳиро паси сар намуда, боз баъди 1-2 соли дигар ҷарроҳии дигар ӯро дар пеш аст, вале аз болои иштирокчии 16-солаи садамаи нақлиёт шикоят бурданӣ нест.
«Муҳим он аст, ки падари Расул ба мо кумак мекунад. Ман ду маротиба ба Амонулло Ҳукуматулло муроҷиат кардам ва ӯ табибонро ба хонаи мо фиристода, маблағи се ҷарроҳиро пардохт намуд. Айни замон ман ҳеҷ ҷое кор намекунам ва тавони пардохти хизматгузориҳои тиббиро надорам», - гуфт ӯ.
Шокир ҳамчунин илова намуд, ки айни замон худро хеле хуб ҳис мекунад, вале бо пойи чапаш умуман ҳаракат карда наметавонад.
Ёдрас мекунем, ки дар садамаи нақлиёти шаби 9-уми октябри соли равон бо иштироки Расул Амонулло се нафар – Аловуддин Саидов, Сурайё Исмоилова ва Ӯктам Мансуров ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин ҷисмонӣ бардоштанд.
Модари ноболиғ Расул Амонулли 16-сола барои риоя накардани муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳаҷми 120 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста