Бар асари боришоти шадиди барф ва тармафароӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанак, ки марказро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, муваққатан манъ шуд.

Бино ба маълумоти ширкати IRS, ин ҳодисаҳо ба мушкил шудани ҳаракати нақлиёт дар минтақаи Варзоб боис гардида, нимаи дуюми дирӯз дар километрҳои 46, 48, 49, 52, 53, 56, 58, 65, 68, 69, 72-и роҳ тармафароии шадид ба амал омадааст.

«Бо ҷалби 4 адад худборкунаки фронталӣ ва 2 адад автогрейдер оқибатҳои тармафароӣ дар километрҳои 46, 48, 52, 65, 69 бартараф карда шуда, дар қитъаҳои дигар корҳои тозакунӣ идома доранд. Дар ҳамин ҳол, боришоти шадиди барф ва ҳодисаҳои нави тармафароӣ идома доранд», - омадааст дар хабари ширкат.

Гуфта мешавад, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ногувор дар ҳамкорӣ бо кормандони БДА ҳаракати нақлиёт муваққатан манъ карда шуда, роҳдорони минтақа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҳаракати нақлиётро барқарор кунанд.