Милистияи Душанбе аз худкушии як духтари 20-сола хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, ҳодиса тақрибан соати 9:10 дақиқаи дирӯз, 28-уми ноябр рух дода, духтар худро аз тирезаи бинои 10-ошёнаи кӯчаи Садриддин Айнӣ ба замин партофтааст.
Ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе ин духтар зодаи ноҳияи Нуробод буда, муваққатан дар ноҳияи Рӯдакӣ истиқомат мекард.
“Зимни азназаргузаронӣ аз ҷайби марҳум навиштаҷоте бо мазуни «аз ягон нафар шикоят надорам» дарёфт гардидааст”, - менависад РВКД дар шаҳри Душанбе.
Ин ниҳод гуфтааст, хешовандони марҳум низ муайян карда шуда, санҷиш аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур ҷараён дорад.

Сабаби аслии даст ба худкушӣ задани ин духтари 20-сола то ҳол маълум нест ва аниқ нест, ки чӣ гуна ӯ ба Душанбе омада, ба бинои 10-ошёна баромад ва чаро худро аз тиреза ба поён партофт.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 28-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу навори даст ба худкушӣ задани як духтари ҷавон нашр шуд, ки боиси ҳадсу гумонҳои гуногун гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 адад кам аст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, сабаби аслии даст ба худкушӣ задани занону духтарон низоъҳои оилавӣ ва хушунати хонаводагӣ мебошад.
Мақомот ин иддаоро рад карда, худкушии занону духтаронро бештар ба бемории рӯҳӣ рабт медиҳанд.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста