Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки шабонарӯзи оянда дар бархе минтақаҳои кишвар ифлосшавии атмосфера, аз ҷумла чангу ғубор дар назар аст.
Ба иттилои Кумита, дар ин рӯзҳо дар шаҳру навоҳии ҷануб, марказии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҷануби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чангу ғубор дар назар аст.
Ба таъкиди манбаъ, бо сабаби омилҳои метеорологӣ афзоиши ифлосшавии ҳавои атмосфера, аз қабили чанг, ки андозаи заррачаҳои он 10 микрон ва зарраҳои андозаи 2,5 микрон мебошад, пешгуйӣ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама, ба одамони гирифтори бемориҳои дил, диққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.
“КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ва кӯҳнавардон, равандагони роҳҳои мошингарди кӯҳӣ ва сайёҳони дучархасавор ёдовар мешавад, ки дар манотиқи кӯҳӣ техникаи бехатариро риоя намоянд, ҳамчунин масофаи таъиншуда барои ҳаракат дар чунин роҳҳо ва дар чунин обуҳаворо ҷиддан ба назар гиранд, зеро эҳтимолияти резиши санг дар чунин роҳҳо зиёд аст”, - омадааст дар тавсияҳои Кумита.
Ҳамзамон бо ин, оддитарин тавсияҳо ҳам пешниҳод шудааст, ки риояи онҳо одамонро аз ҳодисаҳои нохуш нигоҳ медорад:
1. Ниқоб кашидан ба рӯй;
2. Бештар оби тоза нӯшидан, на камтар аз 2-2,5 литр;
3. Аз рӯи имконият дар ҷойи кор истифода кардан аз ҳавополоҳо;
4. Тӯли рӯз 2-3 пиёла чойи хуштамъи кабуд нӯшидан;
5. То ҳадди имкон пӯшидани тирезаи хонаҳо. Агар шумо ба ҳар ҳол тасмим гирифтед, ки бояд ҳавои хонаро тоза кард, метавон тирезаҳои бозро аз вуруди ғубор бо дока ё тӯри махсус ҳимоя кард;
6. Рӯбучин ва тозакунии намноки хона тавсия дода мешавад;
7. Табибон пӯшидани ҳама гуна айнакҳо (линзаҳо)-ро тавсия намедиҳанд.
Барои касоне, ки аз бемории диққи нафас азият мекашанд;
- кам накардани меъёри таъиншудаи доруҳо;
- ҳамеша бо худ доштани ингаляторҳо;
- агар талабот ба ингаляторҳо дар як рӯз беш аз 4-6 маротиба шавад, фавран ба духтур муроҷиат кардан.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ба рақамҳои телефонҳои қисми навбатдории КҲФ занг занед:
112 ва ё 223-13-11, 93 880 28 19.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста