Дар ноҳияи Панҷ бар асари боронҳои шадид сел омада, ба хонаҳо ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинон осеб расонид.
Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷамоати деҳоти Намуна сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст.
Ҳамчунин дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, деҳаи Пахтакор ба 10 хона ва 33 заминҳои наздиҳавлигӣ, дар маҷмуъ ба 36,6 га заминҳои хоҷагии деҳқонӣ обу лойқа даромада, қисман зарар расонидааст.
Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Озодагон сатҳи оби канали Келенчи-2 баланд гардида, дар натиҷа ба 2 хонаи истиқоматӣ ва дар маҳаллаи Қушқия ба 6 хонаи истиқоматӣ ва 2 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа ворид карда, қисман зарар расонидааст.
Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумита фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расида ва ёриҳои эҳтимолӣ ба зарардидагонро мушаххас мекунад.
Зимнан зикр мегардад, ки хушбахтона, ин селҳо талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.
Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 4 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид дар назар буда, болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва ҳодисаҳои тармафароиву сел аз эҳтимол дур нест.
Маҷлиси миллӣ тасвиб ва президент имзо кард. Ҳамакнун барои дуздии барқ то 10 соли зиндонӣ мекунанд
ICB фоизи қарзҳо барои тиҷоратро паст намуд
“Муборак сабқати сахти “Парасту”. Гузориш аз рӯзи нахустини ҷашнвораи “Парасту - 2025”
Ҷаримаи 28 ҳазору 500 ронанда дар пайи амалиёти 10 рӯзаи “Тасмаи бехатарӣ-муҳофизи шумо”
Дар Тоҷикобод ду кӯдак дар дарё ғарқ шудаанд
"Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд". Гузориш аз Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ
Ҷоми Осиё барои наврасони тоҷик поён ёфт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 2
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2025
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста