Дар натиҷаи садамаи нақлиёт дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд 3 нафар ҳалок шуда, ду каси дигар дар беморхона бистарӣ шуданд. Дар ин бора Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 11 март дар минтақаи мавзеи тагоби Хушекат дар километри 147-ум рух додааст.
“Ронандаи автомашинаи тамғаи OPEL ZAFIRA аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии тақрибан 800-900 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа автомашина баъди ба садама дучор гаштан оташ мегирад, - омадааст дар хабар. - Ҳангоми садама 3 мард ва 2 зан худро аз дохили автомашина ба берун мепартоянд, ки дар натиҷа 1 нафар мард ва 2 нафар зан ба ҳалокат мерасанд”.
Ба иттилои манбаъ, 2 нафар ҷароҳат гирифта, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ бурда мешаванд, лекин баъдан яке аз онҳо ҳалок мешавад.
Зикр мегардад, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагони водии Зарафшон ҷароҳатбардоштагон ва фавтидагонро бо ёрии таҷҳизотҳои кӯҳнавардӣ аз чуқурӣ бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд.