Дар километри 312-уми шоҳроҳи Душанбе Хуҷанд, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду мошини сабукрав ба ҳам бархӯрданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, сокини шаҳри Истиқлол Бӯстон Башарови 32-сола ҳангоми ҳаракат бо автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «БМВ», таҳти идораи ронанда Раҳимҷон Одинаев, сокини 24-солаи шаҳри шаҳри Хуҷанд бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, бар асари садама ронандагони ҳарду мошин Башаров ва Одинаев, мусофирони автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Аброр Ҳамдамови 32-сола, Авазҷон Худойназарови 32-сола, Обидҷон Нортаеви 33-сола ва Бегалӣ Ҷуманови 32-сола сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои ба ҳамдигар бархӯрдани автомашинаҳо тафтишот гузаронида мешавад.

Аз дигар ҷузъиёти ин садамаи нақлиёт маълумот дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.