Дар пайи бархӯрди ду мошин дар шаҳри Хуҷанд 4 нафар ҷон бохта, се тани дигар захмӣ шудаанд. Ин ҳодиса шаби 17 ба 18-уми август рух додааст.
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) гуфтааст, Абдуманон Файзиеви 29-сола, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Ашка” дар роҳи мошингарди хиёбони Юрий Гагарини шаҳри Хуҷанд “аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил ҳаракат буромада", ба мошини тамғаи “BYD”, ки зери идораи Муқимҷон Ибрагимов 46-сола буд, бархӯрдааст. Ҳарду ронанда сокинони ноҳияи Б.Ғафуров ҳастанд.
Дар натиҷаи садама, 4 мусофири мошини “Опел-Ашка”, ки ҳама ҷавон буданд, ба ҳалокат расидаанд:
- Абдурозиқ Рӯзиеви 30-сола;
- Муҳаммадҷон Юсупови 29-сола;
- Музаффар Умурзоқови 29-сола;
- Абдуллоҷон Алиеви 29-сола.
Ҳамаи онҳо низ сокинони ноҳияи Б.Ғафуров буд, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд.
Ронандаи ҳарду мошин ҳамроҳ бо як мусофири “Опел-Ашка”, ки ҷавонзани 21-сола аз ноҳияи Б.Ғафуров будааст, захмӣ ва дар беморхона бистари гаштаанд.
Мақомот мегӯянд, ин ҳодисаро таҳқиқот доранд.
Бояд зикр кард, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар ҳалок ва ҷароҳат мебардоранд. Дар ним сол дар Тоҷикистон бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 кас маҷруҳ гаштаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ ронандагонро айбдор кард, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе маст мошин меронанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста