Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе аз муомилоти навбатии ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.

Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки субҳи мирӯз кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддирп сокини ноҳияи Восеъ Муродалӣ Тошакови 38-соларо дастгир намуданд.

Ба қавли сарчашма, ҳангоми кофтукови либосҳо ва борхалтаи ӯ ҳудуди 3 кило маводи афюн дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, боздоштшуда маводи мухаддирро ба пойтахт барои фурӯш овардааст. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуд.