Суди олии Тоҷикистон узви гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи замони ҷанги шаҳрвандиро ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, сокини 43-солаи ҷамоати Муҷихарфи ноҳияи Нуробод Неъматулло Назиров замони даргириҳои шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ихтиёран ба дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Абдулло Раҳимов бо лақаби «мулло Абдулло», ки бо мақсади ҳуҷум ба шаҳрвандон ё ташкилот ташкил шуда буд, аъзо гардида, тибқи супориши роҳбари даста ба амалҳои ғайриқонунӣ даст мезад.
Ба иттилои манбаъ, моҳи июни соли 1996 Назиров ва ҳаммаслаконаш дар ноҳияи Нуробод бо истифода аз силоҳи оташфишон ба автобуси мусофирбар ҳамла карданд, ки дар натиҷа 1 корманди ВКД ва 5 нафар мусофирон ҳалок, ҳамчунин боз 5 мусофири дигар захмӣ шуданд.
«Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди олии Тоҷикистон Неъматулло Назировро бо моддаҳои 74 ва 104-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста