Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон амалҳои коррупсионии собиқ корманди худ Аскар Нурализодаро «падидаи нагин» унвон карда, ба мубориза дар ин самт тақвият бахшид.
«Мо ҳама аз ин ҳодисаи нангин дар шигифт буда, баъди ин ҳодиса барои худ ба хулосаҳои даркорӣ расидем», - гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза дар Душанбе муовини аввали роҳбари ин вазорат Завқӣ Завқизода.
Номбурда ба рӯзноманигорон итминон дод, ки баъди ин амал дар вазорат баҳри минбаъд пешгирии чунин ҳодисаҳо аз тамоми имконот ва тадбирҳо кор мегиранд.
«Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт қабул шуд, бо кормандон чандин маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд, дар тамоми долону кабинетҳо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ гузошта шуд, то амали ҳар як корманд зери назорат бошад», - гуфт ӯ.
Мувофиқи ин чорабиниҳо, минбаъд ҳар як барномаи давлатии сармоягузорӣ на аз ҷониби вазорат, балки аз ҷониби комиссияи махсуси ҳукумат қабул шуда, ҳар як лоиҳа танҳо баъди аз тарафи ин комиссия маъқул шуморида шудан, ба барнома дохил мешавад.
«Аз ҳама муҳимаш дар ин самт он аст, ки ба санади меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар бораи таҳияи барномаи давлатии сармоягузорӣ тағйирот ворид шуд», - илова кард Завқизода.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш корманди яке аз сарраёсатҳои ин вазорат Аскар Нурализода барои тамаъҷӯии ним миллион доллар пора ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста