Адвокати маъруфи тоҷик Шуҳрат Қудратов аз зиндон озод шуд. Ӯ муддати чор сол дар муассисаи ислоҳии №3/4-и шаҳри Душанбе адои ҷазо намуд.
Тавре ба “Азия-Плюс” пайвандони адвокат хабар доданд, ӯ чанд соат пеш ба озодӣ баромада, дар хонааш бо аҳли оила қарор дорад.
“Шуҳрат худро хуб ҳис мекунад, вале ҳоло хоҳиши суҳбат кардан бо журналистонро надорад”, - гуфт яке аз пайвандони ӯ.
Шуҳрат Қудратов 13 январи соли 2015 ба иттиҳоми порагирӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуда, баъдан 3 марти соли 2015 Суди олӣ муҳлати ҷазои ӯро ба 5 солу 4 моҳ кам карда, ҷазони ниҳоӣ 3,8 соли зиндон ва пардохти ҷарима дар ҳаҷми 87,6 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд.
Шуҳрат Қудратов яке аз се адвокатҳои собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов мебошад. Аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ рӯзи 21 июли соли 2014 дар Душанбе боздошт шуда буд.
Ӯро ба он гунаҳкор медонистанд, ки аз зерҳимояи худ Амиралӣ Сумалаев 2 ҳазор доллар барои судя талаб кардааст, то ки парванда қатъ шавад. Худи Қудратов изҳор дошта буд, ки пулҳоро ӯ мебоист ба ҷабрдида - роҳбари ширкати “Пайванд” Парвиз Бадалов медод, то ки муноқиша мусолиҳаомез ҳал шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста