Пагоҳ, санаи 20 сентябр дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Гуфта мешавад, дар рӯзномаи ҷаласа 17 банд зикр шудааст, аз ҷумла табодули таҷриба дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти прокурорӣ, баррасии масъалаи ба Академияи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи назди Прокуратураи генералии Қазоқистон додани мақоми ташкилоти заминавиии кишварҳои ИДМ оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокурорӣ ва тафтишотии мақомоти прокуратураи кишварҳои узви Иттиҳод ва ба Донишгоҳи прокуратураи Русия додани мақоми ташкилоти заминавии кишварҳои ИДМ оид ба омодагӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура.
Иштирокчиёни ҷаласа аз амалисозии барномаҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҷиноятҳои содиршуда бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, ҳамчунин тадбирҳо ҷиҳати таъмин амният дар сарҳадҳои беруна натиҷагирӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, аъзои Шӯро атрофи масоили такмили ҳамкорӣ дар мубориза бо коррупсия, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони берун аз ҳудуди давлатҳо қарордошта, иҷрои шартномаҳои байнулмилалӣ табодули назар намуда, Нақшаи кори Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишҳварҳоро барои солҳои 2019-2023 тасдиқ мекунанд.
Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ соли 1995 таъсис дода шуд. Ба ҳайати он намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дохил мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста