Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати маҳкумшудагонеро, ки дар бетартибиҳои шаби 19 ба 20 майи соли 2019 дар муассисаи 3/2 СРИҶ безарар гардонида шуда ва фавтидаанд, нашр кард.
Дар ин рӯйхат 17 маҳбуси маҳкумшуда барои робита бо “Давлати исломӣ”, 3 нафар - барои робита бо гурӯҳи “Ансоруллоҳ”, 3 тан барои узвият дар Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ ва 2 узви “Ҳаракати исломии Туркистон” зикр шудаанд.
Дар рӯйхат ҳамчунин ду маҳбуси барои гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкумшуда, як нафар - барои роҳзанӣ ва ҳамчунин рӯҳонӣ “Шайх Темур”, ки аз ҷониби ошӯбгарон кушта шуд, ҷой доранд.
Рӯйхати мазкур бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Хадамоти матбуоти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон қабалан дар робита ба ошӯб дар зиндони Ваҳдат иттилоъ дода буд, ки ташкилкунандагони бетартибӣ аъзои созмони террористиву эктремистии дар Тоҷикистон тибқи қонун манъшудаи «Давлати исломӣ» буда, роҳбарони бевоситаи он Беҳрӯзи Гулмурод — писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст ва Гулов Фахриддин, Шарипов Маҳмадулло ва Ҳасанов Рӯҳулло буданд.
Зикр гардида буд, ки гурӯҳи номбаршуда аввал се корманди муассисаи ислоҳӣ — майор Муродов Бурҳониддин, майор Ҳалимов Абдуҷаббор ва лейтенанти калон Асоев Маҳмуд Ҳамидовичро бо корд ваҳшиёна ба қатл расонида, аз тавқифгоҳи ҷаримавии муассиса 8 нафар маҳбусони дигарро, ки онҳо низ аъзои созмони террористиву экстремистии «Давлати исломӣ» буданд, озод карданд ва сипас 5 нафар маҳбусон, аз ҷумла Саид Қиёмиддини Ғозӣ, Каримов Саттор Самадович (Махсуми Саттор) ва Сатторов Саидмаҳдихон (Шайх Темур)-ро дар назди дигар маҳбусон бо мақсади тарсонидани онҳо бо корд ваҳшиёна ба қатл расониданд ва даҳҳо нафар маҳбусони дигарро латукӯб ва захмӣ карданд.
Дар маълумот қайд шуда буд, ки дар натиҷаи амалиёти ҷавобӣ, ки тибқи талаботи қонун сурат гирифт, 24 нафар аъзои гурӯҳи зикршуда безарар гардонида, 35 нафар дастгир карда шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста