Сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд Шоира Турдиева дар содир намудани ҷинояти то ба худкушӣ оварда расонидани шахс гунаҳкор эътироф гардид.
“Турдиева моҳи марти соли гузашта писараш Абдумӯмин Тоҷибоевро ба сокини маҳаллӣ Франгис Раҳмонова хонадор карда, аз рӯзҳои аввал ба таҳқиру хор кардан ва паст задани шаъну эътибори келин даст мезанад”, - қайд мешавад дар хабари Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, роҳи халос шудан аз ин муҳитро зан дар худкушӣ дониста, дар маҳаллаи Ҷомии деҳоти Сарбанд аз болои купрӯк худашро ба дарёи "Сир" мепартояд, ки ин ҳолатро шаҳрванд Хуршед Юнусов дида, ӯро аз дохили дарё ба соҳил баровардааст.
Дар прокуратураи ноҳияи Спитамен нисбати Турдиева. бо моддаи 109 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ба худкушӣ расондан) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ҷиҳати баррасӣ ба суди ноҳия ирсол мешавад.
Суди ноҳия хушдоманро гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба се соли зиндон маҳкум мекунад, лекин бо ҳамин ҳукм дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятй ҷазои нисбати Турдиева таъиншударо шартан татбиқ накарда, нисбаташ ба муҳлати 1 сол санҷиш муқаррар намудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста