Декани факултаи иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба гумони қаллобӣ боздошт шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, декани факултаи иқтисод ва тиҷорати ин донишгоҳ Эмомалӣ Шералиев моҳи сентябри соли равон ба шаҳрванд “А” ваъда додааст, ки ба ивази 19 ҳазор сомонӣ ва 600 доллар (ҳамагӣ 2,558 доллар) ӯро якбора ба соли дуюм таҳсил қабул мекунад.
“Декан бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ пулро гирифта, ба манфиати шахсии худ истифода намудааст. Аммо шаҳрванд “А” донишҷӯ нашуда, ба мақомоти дахлдор муроҷиат кард”, - хабар медиҳад Агентӣ.
Нисбат ба Эмомалӣ Шералиев мутобиқи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ ҶТ (Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста