Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз афзудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар вилояти Суғд нигаронӣ карда, гуфтааст, “шаҳри Исфара дар ин масъала яке аз минтақаҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад”.
Ин нуктаро Юсуф Раҳмон ҳафтаи гузашта дар мулоқоти гурӯҳи кории Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баён доштааст. Дар ин мулоқот котиби шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳузур доштаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки “дар миқёси вилояти Суғд ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта 17,5% зиёд гардида, бештари чунин ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар шаҳрҳои Конибодому Исфара нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёд ба қайд гирифта шудааст”.

Юсуф Раҳмон махсусан шаҳри Исфараро зикр карда, гуфтааст, ки “дар ин масъала яке аз минтақаҳои нигаронкунанда боқӣ мемонад”.
“6 нафар сокинони шаҳри Исфара ва 2 нафар сокинони шаҳри Конибодом бо тадриси ғайриқонунии динӣ дар хориҷи кишвар ба қайд гирифта шуданд”, - афзудааст Юсуф Раҳмон.
Бояд гуфт, ки моҳе қабл, Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи сездаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, соли 2022 дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ 97 нафар, аз ҷумла 18 ҷинояткори муттаҳам бо ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ ба Тоҷикистон истирдод шуданд.
Саркашии ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ ва даъват аз мансабдорон
Ҳамчунин, дар ин мулоқот маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон низ баррасӣ шудаанд.
Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки “нисбати 6 нафар сокинони шаҳри Конибодом ва 7-нафар шаҳрвандони Исфара бинобар саркашӣ намудан аз хидмати ҳарбӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шудааст”.
Гуфтан ба маврид аст, ки соли 2022 дар ҷумҳурӣ барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъватӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Тибқи моддаи 343 Кодекси ҷиноятии кишвар барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ аз 34 то 68 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то ду сол зиндон пешбинӣ шудааст.
Юсуф Раҳмон таъкид кардааст, ки “тибқи дастури ҳукумати мамлакат роҳбарону мансабдорон дар масъалаи сафарбаркунии фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ бояд пешсаф ва намунаи ибрат бошанд”.
Ба иттилои Додситони кул то ҳол 17 нафар мансабдор аз Конибодом ва 6 мансабдор аз Исфара фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ фиристодаанд.
Тибқи иттилои сухангӯи раиси шаҳри Исфара, имсол писари раиси ин шаҳр низ ба хидмати ҳарбӣ рафтааст.
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста