Як додраси тоҷик, ки бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла сӯистифода аз мансаб, сохтакории хидматӣ ва баровардани ҳукми ғайриқонунӣ айбдор мешуд, бо пардохти тақрибан 75 ҳазор сомонӣ аз толори додгоҳ озод шудааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми август, хабар доданд.
Шавқат Лутфуллозода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, Зафар Қодирзода, додраси собиқи Додгоҳи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои содир кардани ҷиноятҳои сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ ва дидаю дониста қабул кардани санади судии ғайриқонунӣ бо пардохти 74 ҳазору 800 сомонӣ ё 1100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ҷарима, аз толори додгоҳ раҳо гардид.
Қаблан, гуфта мешуд, ки бар зидди Зафар Қодирзода бо иттиҳоми “гирифтани пора ва қаллобӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
Зафар Қодирзода моҳи декабри соли 2022 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз вазифаи додраси Додгоҳи шаҳри Ваҳдат озод ва ба вазифаи додраси Додгоҳи ВМКБ таъин шуда буд.
Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ дар нишатси матбуотии имрӯза гуфт, дар 6 моҳи соли равон 2 додрас даст ба ҷиноят задаанд, ки яке Зафар Қодирзода, додраси собиқи ВМКБ ва дигарӣ Насрулло Садриддинзода, раиси собиқи Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд.
Ӯ афзуд, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Насрулло Садриддинзода мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад ва ҳоло барои баррасӣ ба Додгоҳи олӣ ворид нашудааст.
Қаблан "Радиои Озодӣ" хабар дода буд, ки Насрулло Садриддинзода ба гирифтани 23 ҳазор сомонӣ (ду ҳазор доллар) аз як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ришва гумонзад аст ва ба зидди ӯ бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ (гирифтани пора) парванда кушодаанд.
Ӯ то таъин шудан ба вазифаи раиси Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар моҳи феврали соли 2020, ба ҳайси муовини раиси Додгоҳи ноҳияи Спитамен кор кардааст.
Ҳардуи ин додрас рӯзҳи 23-уюми майи соли равон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикитсон барои кирдоре ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад" аз вазифа озод гардида буданд.
Нигаронии раис аз ҷинояткории дордрасҳо: камбудии роҳбарияти Додгоҳи олӣ аст...
Раиси Додгоҳи олӣ содир гардидани ҷиноят аз ҷониби додрасҳоро ҳолати ташвишовар унвон кард ва гуфт, ин камбудии роҳбарияти Додгоҳи олӣ аст, ки ҳангоми интихобу ҷобаҷокардани кадрҳо кирдорҳои ғайриқонунии онҳо аз мадди назар дур мемонад.
“Вақте ки додрас ҷиноят содир мекунад, дар назди қонун ҷавоб медиҳад. Лекин ин ҳолатҳо боварии мардумро нисбат ба мақомоти судӣ коста намегардонад, чунки дар Тоҷикистон 443 додрас фаъолият мекунанд. Ин ҳолат роҳбарияти Додгоҳи олиро водор мекунад, ки чораҳои қатъӣ ва иловагиро дар самти интихоби дуруст ва ҷобаҷогузори кадрҳо дар мақомоти судӣ ба роҳ монанд”,- гуфт раиси додгоҳи олӣ.
Шермуҳаммад Шоҳиён иттилоъ дод, ки дар нимсол додрасҳои кишвар 203 адад қарори ғайриқонунӣ қабул кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 адад зиёд мебошад. Ба таъкиди вай, ҳамаи ин қарорҳои додрасҳо бекор шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, зимни санҷиши фаъолияти додрасҳо нисбати 8 додрас муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шудааст.
Соли гузашта 4 додрас даст ба ҷиноят, аз ҷумла ришвахорӣ зада буданд ва нисбати ҳамаи онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ татбиқ гардидааст.
Охири моҳи майи соли 2022 президент бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, Ҳомидҷон Муҳаммадзодаро аз вазифаи раиси Суди шаҳри Хуҷанд, Рустам Маҳмадсаидзодаро - аз вазифаи судяи Суди шаҳри Хуҷанд ва Раҳмиддин Раҳимзодаро - аз мансаби судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барканор карда буд.
Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан 30 нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Сокинони кишвар метавонанд як рӯз аз ташхиси тиббии ройгон гузаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста