Нисбати директор ва сармуҳосиби ширкати биносози “Сипар Ком” аз рӯи далели саркашӣ аз пардохти андоз ба маблағи 13 млн сомонӣ (ҳудуди 1,2 млн доллар) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
“Сипар Ком” аз соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ месозад. Яке аз лоиҳаҳои маъруфи ин ширкат маҷмааи истиқоматӣ дар кӯчаи Карамов дар қисмати шимолии Душанбе, каме дуртар аз Боғи Ирам ва роҳ ба самти дараи Варзоб мебошад.
Ба иттилои Агентӣ, айбнома ба директори ҶДММ “Сипар Ком” Сатторов А.У. ва сармуҳосиби ширкат Муминов Х.Б. пешниҳод шудааст.
“Аз 1 апрели соли 2021 то 1 апрели соли 2023 онҳо хилофи талаботи Кодекси андоз амал карда, бо мақсади саркашӣ аз пардохти андоз сарчашмаҳои андозбандиро пинҳон мекунанд”, - омадааст дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, бо роҳи пешниҳод кардани эъломияҳои носаҳеҳ ба мақомоти андоз онҳо аз пардохти андоз дар маҷмӯъ ба маблағи 8 млн 877 ҳазору 911 сомонӣ саркашӣ кардаанд.
“Бо назардошти ҷаримаву фоизҳо ин маблағ 13 млн 389 ҳазору 927 сомониро ташкил медиҳад,,- зикр мешавад дар хабар. - Бо ин кирдорҳои дидаву дониста онҳо ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расониданд”.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Сатторов А.У. ва Муминов Ҳ.Б. бо дастрасии моддаи 292 қисми 2 банди «б» КҶ Тоҷикистон (саркашӣ аз пардохти андоз ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ин модда ҷарима ба маблағи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 8 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Боздошти як зани 44-сола бо гумони куштори тифли 11-моҳа дар Хуҷанд
Мусодираи қариб 6,5 ҳазор қуттӣ тамоку, ки бо роҳи қочоқ вориди кишвар шуда буд
Ба президент мутобиқсозии растаниҳои нодирро ба шароити Тоҷикистон нишон доданд
Раёсати Оҷонсии зиддифасод: Муовини раиси Исфара барои фурӯши замин ҷарима шуд, вале то ҳол дар мансаб аст
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба мусобиқаи Тоскулоҳи бузург ба Тошканд меравад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Силии нақд аз атои нася беҳ”
Чаро фармони даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон имсол дар моҳи феврал содир шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 феврали соли 2025
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста