Хадамоти бехатарии федералии Русия ё ФСБ гуфт, афроде, ки як рӯз пеш дар Доғистон боздошт шуданд, гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскавро бо пул ва аслиҳа таъмин мекарданд. Дар ин бора хабаргузории “РИА Новости” хабар медиҳад.

Ин ниҳод иддао дорад, ки худи боздоштшудаҳо нақшаи ҳамлаи террористӣ дар "ҷойи ҷамъомади мардум" дар Каспийскро таҳрезӣ мекарданд.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 31-уми марти соли равон, ФСБ дар натиҷаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳрҳои Маҳачқалъа ва Каспийск аз боздошти се нафар хабар дода буд. Вале дар гузориши имрӯзаи ФСБ дар бораи "маҳдуд кардани фаъолияти як гурӯҳи террористии иборат аз чаҳор шаҳрванди хориҷӣ" сухан меравад.

Тавре дирӯз, 31-уми март, Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия изҳор дошт, боздоштшудаҳо “ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ”-ро тарҳрезӣ мекарданд. Гуфта мешавад, аз боздоштшудаҳо автомат, лавозимоти ҷангӣ ва маводи таркандаи тайёри худсохт дарёфт шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки боздоштшудаҳо шаҳрвандони кадом кишваранд. Мақомот аз онҳо зодагони Осиёи Марказӣ ном бурдааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шудааст. Аз ҷумла, чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад. Баъдтар, падару писар - Аминҷон ва Исроил Исломовҳо аз ҳукми додгоҳ шикоят карданд.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Дар бораи нафари нӯҳуми ба ҳабс гирифта Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ӯ ҳамларо маблағгузорӣ кардааст. Аммо шахсияту табаияти ӯро ошкор накард.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.