Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар мулоқот бо Маттео Пянтедози, вазири корҳои дохилии Италия нигаронӣ кардааст, ки “баъзе аз ҷинояткорон ба Аврупо, аз он ҷумла ба Ҷумҳурии Италия бо баҳонаи гирифтани паноҳандагӣ сафар карда пинҳон гаштаанд”.
Раҳимзода ба ҳамтои итолиёвиаш гуфтааст, ҳамкории муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар метавонад барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони мазкур мусоидат кунад.
Ин мулоқот дирӯз, 23-юми апрел дар ҳошияи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Италия сурат гирифт.
Сомонаи ВКД Тоҷикистон менависад, ки масъалаи муҳими ворхӯрии Раҳимзода ва Пянтедози ин дастгир намудан ва ба Тоҷикистон истирдод намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта буд.
“Инчунин тақвияти ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва муборизаи босамар бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон таъкид гардид”-омадааст дар иттилоияи ВКД Тоҷикистон.
Дар рафти вохӯрӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Италия дар соҳаи амният шартнома ба имзо расида, механизми дар амал татбиқ намудани он дар ҷараёни сафари Маттео Пянтедози ба Тоҷикистон, ки ҳоло маълум нест, баррасӣ мешавад.
Давоми чанд соли охир, бархе аз мухолифини Тоҷикистон аз тарси фишори мақомоти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо паноҳанда мешаванд. Вале дар бештари ҳолатҳо дар доираи ҳамкориҳо бо ин кишварҳо бархеи онҳо боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод карда мешаванд.
Дар соли 2023 чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо расонаӣ шуда буд. Наздикону пайвандони баъзе афроди истирдодшуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое рӯи даст доранд.
Бино бар иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2023 беш аз 200 ҷинояткор бо дархости Тоҷикистон боздошт ва ба кишвар истирдод шуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 100 нафар бештар аст.
Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар афроди ба Тоҷикистон истирдодшуда барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо созишномаи истирдоди ҷинояткоронро ба имзо расонидааст ва ё онро баррасӣ дорад дар маводи "Истирдоди гумонбарон ва ҷинояткорон. Тоҷикистон бо кадом давлатҳо созишнома имзо кардааст ё онро баррасӣ дорад?" хонед.
7 медали Тоҷикистон. Ҷадвали ғолибони мусобиқоти “Dushanbe Grand Slam 2024” маълум шуд
Паёмади боришоти шадид дар манотиқи Тоҷикистон
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста