Додгоҳи вилояти Суғд роҳбари як хоҷагии деҳқониро барои тамошо ва ҷонибдории наворҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ гунаҳкор карда, ба 5-соли зиндон маҳкум намудааст.
Аз ин додгоҳ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки Самӣ Махкамзода, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Шоҳин” дар шабакаи иҷтимоии “YouTube” бо номи сохтаи “Globyc 3404” саҳифа кушода, давоми ду соли охир ба саҳифаҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ обуна шудааст ва наворҳои дар онҳо нашршударо тамошо ва ҷонибдорӣ кардааст.
“Ӯ бо мақсади зиёд кардани обуначиёнаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои иғвоангезро аз саҳифаҳои мамнӯъ бознашр кардааст”, - зикр мегардад дар қарори додгоҳ.
Охири моҳи май бо ҳукми Додгоҳи вилояи Суғд барои амалҳои зикршуда Самӣ Махкамзода тибқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Назари маҳкумшуда, пайвандон ва ё вакили дифои ӯ дар бораи иттиҳом ва қарори додгоҳ маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҷонибдорӣ аз мавод ва наворҳои мамнӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳн кардани он ҷиноят дониста мешавад. Ҳамасола садҳо нафар бо ин ҷурм равонаи зиндон мешаванд.
Масалан, танҳо соли 2023 дар вилояти Суғд 201 нафар бо ҷумри пайравӣ аз гурӯҳҳои ифродгаро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ равонаи зиндон шудаанд, ки нисбат ба соли 2022 83 нафар бештар аст.
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста