Дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандони мақомоти милитсия ду ҳолати муноқишаи наврасонро, ки яке бо истифода аз корд рух додааст, ба қайд гирифтанд.
Ба иттилои маркази матбуоти ВКД дар ҳудуди боғи истироҳатии ба номи “Абу Маҳмуди Хуҷандӣ”‑ и шаҳри Хуҷанд, ноболиғи 16-солаи сокини ин шаҳр, рӯзи 7-уми июл, тахминан соати 18:30-дақиқа, бо ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муноқиша карда бо корд як маротиба ба қафаси синнааш задааст. Дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар бемористон бистарӣ шудааст.
Нисбати шахси гумонбар бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ яъне, “қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ”, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст. Ин моддаи қонунгузорӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Ба навишти манбаъ ҳодисаи дигар дар кӯчаи Гипраземи шаҳри Душанбе, рӯзи 2-юми июл иттифоқ афтодааст, ки ноболиғи 17‑солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Восеъ муноқиша намуда, ӯро латукӯб кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида тибқи хулосаи ташхиси судӣ - тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Зикр шудааст, ки гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта нисбати ин ҳодиса тафтишот идома дорад. Ҳоло муайян нест, ки нисбати шахси гумонбар бо кадом моддаи қонун ҷазо таъин карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки муноқиша ва кордкашии наврасон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав набуда аз тарафи мақомот ин гуна ҳолатҳо зуд‑зуд расонаӣ мешавад. Қаблан дар пойтахт 5 нафар ноболиғон, ки ба даст доштан дар марги ҳамсоли худ дар ҷараёни муноқишаву занозанӣ гумонбар буданд, дастгир шуданд. Ҳодисаи мазкур рӯзи 9 – уми май тахминан соати 20:40 дақиқа дар кӯчаи Беҳзоди ноҳияи Шоҳмансур рух дода буд. Ду гурӯҳи ноболиғон бо истифода аз корд муноқиша намуданд, ки дар натиҷаи латукӯб ноболиғ Р.Х. ҷароҳати вазнин бардошта, дар беморхона фавтидааст. Дар натиҷа нисбати шахсони гумонбар бо моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ парванда ифтитоҳ гардид.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста