Дар ҳафт моҳи соли равон (январ-июл) шумораи ҷиноятҳои содиркардаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия 3,1 фоиз коҳиш ёфта, дар маҷмуъ, сатҳи ҷиноят миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар 5 дарсад поин шудааст. Дар ин бора Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия дар “Телеграм канал”-и худ хабар додааст.
Ӯ навиштааст, ки “чораҳои андешидашудаи Вазорати корҳои дохилии Русия ба таҳкими тамоюли коҳишёбии шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ содиршуда мусоидат карданд”.
Мушаххас аз чораҳо ном набурдааст.
Номбурда гуфтааст, ки дар ҳафт моҳ (январ-июл) сатҳи ҷинояткорӣ миёни шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар қариб 5% коҳиш ёфта, ҷиноятҳои содиршуда аз сӯи муҳоҷирон 3,1% кам шудаст.
“Шумораи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини содирнамудаи шаҳрвандони хориҷӣ 9,2% кам шуд. Аз ҷумла куштор ва суиқасд ба куштор – 14%, ҷиноятҳо алайҳи дахлнопазирии ҷинсӣ ва озодии шахсӣ – 2,5% ва ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир – 21,7% коҳиш ёфтааст”, - навиштааст Ирина Волк.
Баҳси содир шудани ҷиноят аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия солҳост, ки доғ аст. Чанд сол аст мақомдорони баландпояи Русия, махсусан роҳбари Кумитаи тафтишоти ин кишвар Александ Бастрикин даъво пеш меоранд, ки дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони корӣ ҷиноят содир мекунанд ва сатҳи ҷинояткорӣ аз ҳисоби онҳо сол аз сол афзоиш меёбад.
Вале як далелсанҷии кӯтоҳи “Азия-Плюс” дар соли 2023 собит кард, ки аз соли 2022 инҷониб сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби шаҳрвандони давлатҳои ИДМ сол аз сол коҳиш ёфта, шумораи ҷиноятҳое, ки аз ҷониби онҳо содир мешавад, танҳо 3 ё 4 дарсади шумораи умумии ҷиноятҳои дар Русия содиршударо ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия дар моҳи майи соли 2024 гуфта буд, ки “сатҳи ҷинояткорӣ начандон баланд аст. Ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиён содиршуда дар сурати умум 4%-ро ташкил медиҳанд”.
Аммо ӯ ҳам оморӣ мушаххас ироа накарда буд.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста