Дар ноҳияи Ашт як зани 34 - сола, ки қасди фурӯхтани кӯдаки навзодашро доштааст, аз ҷониби пулиси ноҳияи мазкур боздошт гардидааст. Дар ин хусус дар барномаи ахбори ВКД пурра тафсилот дода шудааст.
Дар ахбори ВКД омадааст, ки шаҳрванд Муқаддас Маддатоваи 34 – сола, сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт бар ивази 15 ҳазор сомонӣ мехостааст кӯдаки навзодашро, ки рӯзи 1-уми август ба дунё омадааст, фурӯшад.
Пулиси ноҳияи Ашт рӯзи 17-уми август дар натиҷаи ташкили шароити идорашавандаи оперативӣ, баъди аз тарафи харидор 5 ҳазор сомонӣ ба унвони пешпардохт гирифтани зан, ӯро боздошт кардааст.
“Ман гуфтам, ки агар илоҷаш бошад панҷ ҳазор дода ист ҳозир, баъдан дар бораи боқимондааш гап мезанем. Гуфт дилатонро тахт гиред, ман медиҳам, шумо ҳам розӣ шавед, ман ҳам”, - нақл кардааст гумонбаршаванда.
Номбурда дар навор гуфтааст, ки кӯдак писар буда, ӯро як моҳи пеш ба дунё овардааст ва ба хотири вазъи бади молиявӣ ӯро мехостааст фурӯшад.
Тибқи маълумоти манбаъ, Муқаддас Маддатова чор маротиба шавҳар кардааст ва соҳиби панҷ фарзанд аст. Як фарзандаш бо худи ӯ зиста, ду фарзанди дигараш дар интернат қарор доштааст. Як фарзанди дигараш ба фарзандхонӣ дода шудааст. Ӯ мехостааст фарзанди навзоди панҷумашро фурӯшад.
Ҳамакнун ӯро барои содир кардани кирдоре, ки дар моддаи 167-и Кодекси ҷиноятӣ (савдои кӯдакон) зикр шудааст, гумонбар аст. Ин банди қонунгузорӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол ҷазоро пешбинӣ мекунад.
Пулис ҳам метавонад ихроҷ кунад. Аз моҳи феврал барои муҳоҷирон дар Русия чӣ тағйир меёбад?
Баъди мурдан шӯълаи овози ман хомӯш нест... Ёде аз Зиёдулло Шаҳидӣ, ки имсол 110 сола шуд
Ҳалокати 30 кас дар корхонаҳои саноатӣ ва кӯҳкории Тоҷикистон дар як сол
“Аз шумори хубони порсигӯст ва ашъораш бо ишқ қироат мегардад”. Таҷлили 60-солагии Фарзона дар Эрон
Гумонбарони ҳамла ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлоб аз 5 сол то ҳукми абад маҳкум шудаанд
Кумитаи манзилию коммуналӣ: Дастрасии аҳолӣ ба оби тоза зиёд ва сарборӣ ба зерсохтори коммуналӣ низ меафзояд
Раисҷумҳури Қирғизистон: “Сокинони хонаҳое, ки дар сарҳад бо тартиби шоҳмот ҷойгиранд, кӯчонида мешаванд”
Истиқлол. Соҳибони “хонаҳои бесоҳиб” пайдо шуда, аз додани манзилҳояшон ба ниёзмандон норозигӣ кардаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гавҳаршиносӣ ва фармони маснӯй”
Амрико кумакҳои хориҷиашро муваққатан қатъ кард. Ин аллакай ба Тоҷикистон таъсир расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста