Раванди додани “хонаҳои бесоҳиб” ба ниёзмандон дар шаҳри Истиқлол (Табошари пешин) вилояти Суғд ба бунбаст рафтааст. Баъди рӯйхат кардану муҳр задани дари хонаҳое, ки солҳо бесоҳиб буданд, соҳибони хонаҳо пайдо ва манзилҳои худро соҳибӣ кардаанд.
Дар ин бора Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 27-уми январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Қаблан, мақомоти шаҳри Истиқлол мехостанд, хонаҳое, ки солҳо боз бесоҳиба буданд, ба тавозуни ҳукумат гузаронанд ва ба ниёзмандони навбати хона диҳанд.
Вале раиси шаҳр дирӯз, дар нишасти матбуотӣ гуфт, баъди барӯйхатгирии хонаҳо ва пешниҳод онҳо ба додгоҳ барои гузаронидан ба тавозуни ҳукмутаи шаҳр “соҳибмулкон ба шаҳри Истиқлол ҳозир шуданд ва тамоми санаду асноди вобаста ба манзилро ба коммисия пешниҳод карданд”.
“Вақте дари як хонаро муҳр задем, баъди як ҳафта соҳибаш аз Русия пайдо шуда омад ва гуфт, ки 25 сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Сабаби дар муҳоҷират буданашро шаҳр дода гуфт, ки мехоҳад давлати пирияшро дар зодгоҳ гузаронад. Дар дасти ӯ тамоми санадҳои тасдиқкунандаи соҳибмулк буд. Дигар соҳибмулкон ҳам ҳамин корро карданд”, - гуфт Қаюмҷон Маҳмудзода.
Ҳоло қарори додгоҳро мунтазиранд, ки чӣ хулоса мекунад ба тавозуни ҳукумати шаҳр мегузаронад ва ё не.

Бояд гуфт, тибқи қонунгузории ҷории кишвар, манзисли зист моликияти хусусии шаҳрванд буда, бе розигии ӯ мусодира кардани он иҷозат дода намешавад. Албатта, дар ҳолатҳои истисноие, ки қонун майян кардааст, аз ҷумла бо қарори додгоҳ.
Ёдовар мешавем, ки шаҳри Истиқлол дар шимоли вилояти Суғд ҷойгир буда, дар он ҷо солҳои пеш ақаллиятҳои гуногуни зиёд зиндагӣ доштанд. Баъдан, теъдоде аз онҳо шаҳрро тарк карданд ва хонаҳои онҳо холӣ монд.
Тобистони соли гузашта мақомоти дахлдори шаҳри Истиқлол гуфтанд, зимни як санҷиш беш аз 50 хонаи бидуни соҳибмулк ё беназоратро ошкор кардаанд. Он замон раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода гуфта буд, ки агар қарори суд содир шавад ин манзилҳо ба ниёзмандоне, ки дар навбат истодаанд, дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии зиддифасод аввал собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дертар Баҳодур Ахмедов, сокини шаҳри Бӯстонро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кард, ки мехостанд ин хонаҳои бесоҳибро бо ҳуҷҷатгузории қалбакӣ ба “шиносҳояшон” фурӯшанд.
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Размикори ММА аз Тоҷикистон Артур Одилбеков дар ҷанги Русия дар Украина кушта шуд
Додгоҳи олӣ баррасии шикояти кассатсионӣ дар парвандаи “табаддулот”-ро оғоз кард
Киҳо раиси кумитаву комиссияҳои порлумони Тоҷикистон интихоб шуданд?
Ду медали гӯштингирони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё
Имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳад миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста