Ба се нафар гумонбари эҳтимолии амали террористӣ дар «Крокус» ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани боз як амали террористӣ айбнома пешниҳод шуд: тибқи фарзияи тафтишот, содир кардани ин амалро онҳо бо истифода аз дастгоҳи таркандаи худсохт тарҳрезӣ намуда буданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба маводи парванда иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои хабаргузорӣ, онҳо ният доштанд, ки ин ҳамларо бо бомбаи худсохт анҷом диҳанд. Бинобар ин, онҳо инчунин ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ ва ғайриқонунӣ тайёр кардани дастгоҳи тарканда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил айбдор карда мешаванд.
Ғайр аз ин, нисбати чор нафари айбдоршавандагони дигари парвандаи «Крокус» дар бораи иштирок дар фаъолияти гурӯҳи террористии мамнӯъи «Вилояти Хуросон», ки ба ҳайати «Давлати Исломӣ» (ДОИШ) дохил мешавад, парвандаи ҷудогона боз шудааст.
Тибқи маълумоти ТАСС, онҳо дар гурӯҳ ба сифати тайркунандагони дастгоҳи таркандаи худсохт ва силоҳ дониста мешуданд. Нисбати онҳо боз ду парвандаи дигар - дар бораи муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ба он, инчунин ғайриқонунӣ тайёр кардани дастгоҳи тарканда аз ҷониби гурӯҳи муташаккил оғоз шудааст.
Хабаргузорӣ нисбати киҳо пешниҳод гардидани айбномаҳои нав дар парвандаи “Крокус” хабар намедиҳад.
Ёдрас мекунем, ки амали террористӣ дар толори “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав шоми рӯзи 22 март рух дод. Пеш аз оғози консерти гурӯҳи “Пикник” мардони мусаллаҳ ба тирпаронӣ дар толор оғоз намуданд, ки дар пайи он сӯхтор сар зада, майдони 13 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифт. Бар асари ин амали террористӣ 145 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 550 кас осеб диданд.
Масъулияти ҳамларо бахши афғонистонии созмони террористии "Давлати исломӣ" - Вилояти Хуросон ба уҳда гирифт. Дар содир намудани ин ҷиноят ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла тибқи фарзияи тафтишот, афроде, ки онҳоро бо нақлиёту воситаҳои алоқа ва манзил таъмин мекард, гумонбар дониста мешаванд. Ба бевосита иҷро кардани ин амал тафтишот чор шаҳрванди Тоҷикистонро гумонбар медонад.
Қобили зикр аст, ки баъди ҳамлаи террористӣ фишор болои муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия ва бегонаситезӣ аз сӯйи афроди алоҳида бештар шуд.
Маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса ва ҷараёни боздошти гумонбаронро метавонед дар ин пайванд хонед.
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Боздошти як ҷавон бо иттиҳоми куштори холааш дар Душанбе
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
CPJ Тоҷикистонро барои саркӯби рӯзноманигорон танқид кард
Ҳалокати 5 кас дар пайи офатҳои табиии соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста