Пулиси пойтахт дар се рӯзи охир аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми муомилаи маводи мухаддир иттилоъ дод.
Раёсати ВКД дар Душанбе навишт, ки Шарофзода Мансур, як сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми муомилаи маводи нашъадор боздошт кардааст. Зимни кофтуков аз номбурда 70-дона ҳабҳои экстазӣ дарёфту мусодира кардааст.

Ҳамчунин, ду рӯз пештар, пулиси пойтахт як мардро бо гумони ба муомила баровардани маводи мухаддир боздошт ва аз ӯ 3 кило "Метаамфитамин" мусодира карда буд.
Раёсати ВКД дар Душанбе, аз ин мард, ки гуфта мешавад, сокини ноҳияи Фархор аст, Тешабоев Б. ном бурдааст. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ "ин воситаҳои нашъадорро ба қисмҳои хурд ҷудо намуда, мехост ба дигар ҷавонон ба фурӯш гузорад".
Аммо маълум нест, ки боздоштшуда ин миқдори маводи мухаддирро аз куҷо дастрас кардааст.
Пулиси пойтахт мегӯяд, ҳоло Тешабоев дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бар зидди ӯ бо бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ин моддаи кодекси ҷиноӣ вобаста ба бандҳояш аз 5 то 20 соли зиндонрро пешбинӣ мекунад.

Маълум нест, ки боздоштшудагон ва наздикону пайвандонашон ба ин қазия чӣ назар доранд.
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин ҳолати боздошти гумонбарон барои фурӯши маводи мухаддир дар моҳи ҷорӣ аст. Чанд рӯз пештар пулиси Хатлон се нафар нафарро бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ боздошт карда, навишт, ки аз онҳо беш аз 25 кг маводи мухаддир мусодира кардааст.
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Аз раводиди ягона то афзоиши хатсайрҳои заминӣ. Бархе ҷузъиёти мулоқоти раисҷумҳурони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон
Рӯзи якуми маъракаи даъвати ҳарбӣ. ВМКБ, вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт аз иҷрои нақша хабар доданд
Эрон аз таҳдиди Амрико ба СММ “шикоят” бурд. Моҷарои лафзии Эрон ва Амрико шиддат меёбад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста