Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки дар робита ба куштори Амрулло Боймирзоев, ҷавони 21-сола аз Мастчоҳ, ду ҳамкори ӯро боздошт кардааст. Гумонбарон ҳарду аз ноҳияи Мастчоҳ будаанд ва “бар пояи хусумат ва барои ба даст овардани пули корхона” даст ба ҷиноят задаанд.

Амрулло Боймирзоев дар коргоҳи тоза кардани пахта кор мекард ва шаби 22 ба 23-юми октябр дар ҷамоати “Патар”-и шаҳри Конибодом дар шароити мармуз кушта шудааст

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки дар робита ба куштори Амрулло Боймирзоев ду ҳамкори ӯ Х.Б-и 31-сола ва М.Ф.-и 27-сола, ҳарду сокини ноҳияи Мастчоҳ боздошт шудаанд. Ҳамаи онҳо дар корхонаи пахтатозакунии ҷамоати деҳоти Патари шаҳри Конибодом кор мекардаанд.

“Рӯзи ҳодиса гумонбаршудаҳо дар ҳуҷраи хоб воқеъ дар ҳудуди корхонаи пахтатозакунӣ бо расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо истифода аз чубдаста ва бӯғи кардан тавассути ресмони синтетикӣ Амрулло Боймирзоевро ба ҳалокат мерасонанд”, - навишт ин ниҳод.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд аз қавли гумонбарон навишт, “гӯё марҳум Боймирзоев дар муносибат бо онҳо дуруштрафторӣ карда, дар баъзан ҳолат ба иҷрои амалҳои нописанд водор мекардааст. Ингуна муносибат рӯз ба рӯз ба дараҷаи таъсир расонӣ ба обрӯ ва иззати нафс меанҷомад, ки дар натиҷа ангезаи ҷиноятро ба вуҷуд меорад”.

Аммо милитсия Суғд таъкид мекунад, ки “мақсади содир кардани ҷинояти одамкушӣ ин ба даст овардани маблағи пулӣ мебошад, ки рӯзи ҳодиса ба корхонаи пахтатозакунӣ бояд ворид шуда ҷабрдида Амрулло Боймирзоев бевосита бо он сару кор доштааст”.

“Дар ҳақиқат ҳамон рӯз раиси корхона Маҳадюсуф Боймирзоев маблағи пулӣ аз шаҳри Хуҷанд оварда бошад ҳам аз сабаби дер расидан ба шаҳри Конибодом пулро чун ҳарвақта дар сейфи ҳуҷраи корӣ нагузошта дар нақлиёти шахсияш нигоҳ медорад”, - менависад ин ниҳод.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Аз рӯйи ҳодиса бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Назари гумонбарон ва ё вакили дифои онҳо маълум нест.

Бояд гуфт, ҳодисаи куштор дар шаҳри Конибодом таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ кашидааст. Зеро дар аз оғози сол хабари куштори ҳадди ақал панҷ оила дар шаҳри Конибодом расонаӣ гардид. Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро ба гуфтаи сокинони шаҳр шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.

Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД 8-уми августи соли 2024, гуфт, дар Конибодом дар маҷмӯъ, 4 куштори оилавӣ сурат гирифтааст, ки 2 ҳолаташ ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад ва гумонбарони он дастгир гардида, “парвандаи ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”.

“Аз 3-4 кушторе, ки дар шаҳри Конибодом содир шудааст, 3 ҳолаташ ошкор шудааст. 2 ҳолати куштор ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад. Ин кушторҳо дар оилаи Умаровҳо ва Шариповҳо рух додааст. Ин доираи оила аст ва аллакай, парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”, - гуфт Аламшозода.

Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст.

Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ дигар ҷузъиёти бештар надод ва танҳо гуфт, ки “дар онҷо дигар ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқарарӣ аст”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.