Блогери тоҷик Ҷумъабой (Салмон) Раҷабзода, ки соли гузашта бо гумони “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф” дар Русия дастгир шуда буд, 20-уми феврал аз боздоштгоҳ озод шудааст.
Ин блогери тоҷик, ки дар “Инстаграм” бо номи “Салмон” машҳур аст, рӯзи 24-уми феврал бо нашри наворе дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ гуфтааст, муфаттишони рус нисбаташ “ягон айб наёфтанд ва парвандаро қатъ карданд”.
Ин блогер ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “тамоми муддате, ки дар ҳабс қарор дошт, барои исботи бегуноҳии худ талош кард”.
Ӯ мегӯяд, ба исботи бегуноҳиаш бовар дошт ва барои ин “бисёр қонун ва китобҳои ҳуқуқиро хонда, бо вакилони хуб кор кард ва ба мақомоти Русия шикоят навишт”.
Ҷумъабой Раҷабзода шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дошт, аммо баъди аз боздошт озод шуданаш мақомоти Русия шаҳрвандии ӯро бекор кардаанд. Аммо ӯ ишора ба эътирофи бегуноҳиаш гуфтааст, ки бояд шаҳрвандиаш барқарор шавад.
Ӯ мегӯяд, барои як муддат Русияро тарк кардааст, чунки бо вуҷуди исботи бегуноҳиаш дар Русия худро чандон амн эҳсос намекард.
Ҷумъабой (Салмон) Раҷабзод моҳи январи соли 2024 бо гумони “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф” дастгир шуда буд. Кумитаи тафтишоти Русия он вақт гуфта буд, ки ӯ дар наворҳои худ “шаъну шарафи духтарони дорои чеҳраи славяниро паст мезад”.
Худи Раҷабзода ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд, “садо ба ӯ тааллуқ надорад ва дар давоми кори худ ба касе бадӣ ё ба ангехтани бадбинии миллӣ даъват накардааст”.
Дастгир шудани ин блогери тоҷик соли гузашта дар расонаҳои русӣ сарусадои зиёд пайдо карда буд. Ҳангоми баррасии қазияи ӯ мақомоти ин кишвар ҳамеша ба зодаи Тоҷикистон будани ӯ ишора мекарданд. Аммо аз озод шудан ва қатъи парвандаи ӯ ба далели бегуноҳияш расонаҳои Русия то ҳол иттилоъе нашр накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ду сол қабл додгоҳи Маскав Кароматулло Ҷабборов, як блогнависи дигари тоҷик ва иштирокчии “саҳнаи шӯхӣ” дар бораи коронавирус дар метрои Маскавро ба ду солу чаҳор моҳ равонаи зиндон карда буд.
Блогнависи дигари тоҷик Руслан Бобиев барои эҷоди аксҳои ҷанҷоловар дар назди калисои Василий дар Маскав ба даҳ моҳи зиндон маҳкум шуда буд.
Рустами Эмомалӣ дигарбора аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуд. Боз киҳо аъзои палатаи болои парлумон шуданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2025
Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?
“Тамошобинон моро бо фараҳу хушнудӣ пазируфтанд”. Ҳунарнамоии балети тоҷик дар саҳнаи бузурги Порис
Парвозҳои мунтазам байни Хуҷанду Қошғар дубора барқарор мешавад
Харобиҳои сел дар натиҷаи борони рӯзи гузашта
Бидуни патент, вале хатарнок. Дар минтақаҳои азхудкардаи Русия муҳоҷирон метавонанд бе патент кор кунанд
Кайя Каллас: Таҳримҳо алайҳи Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд
Баъди 28 соли дарду ранҷ. Чӣ хел Умриузоқ Абдураҳмонов аз маъюбӣ наҷот ёфт?
Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста