Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардаст, ки барои рафтан ба назди фолбину ҷодугар ва ё истифодаи хидматрасонии онҳо ҷазо таъин карда шавад. Агар ин пешниҳод қабул шавад, муштариёни фолбину ҷодугар то 750 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Дар асоси ин пешниҳод, ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нав бо номи “истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин” илова карда мешавад.
Тибқи ин тағйирот, нисбати нафароне, ки ба назди сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин мераванд аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 375 то 750 сомонӣ) ҷарима татбиқ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки як сол охир мақомоти Тоҷикистон мубориза бо фолбину ҷодугарро пурзур кардаанд. Тобистони соли гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон карда буд, ки нафаронеро, ки ба назди фолбину ҷодугар мераванд, ба мақомот даъват карда, ному аксҳояшонро дар махзани ВКД мегузорад.
Мақомот гуфта буданд, “мақсад аз ин кор пешгирӣ аз бовар ба фолбину ҷодугар аст, чун баъзе аз шаҳрвандон ба назди фолбину ҷодугарон рафта ба онҳо пул медиҳанд ва бо ин кор дар густариши фолбиниву ҷодугарӣ саҳм мегузоранд”.
Аммо аз он замон то ҳол теъдоди нафароне, ки ба назди фолбину ҷодугар рафтаанд ва ба мақомот даъват шудаанд, маълум нест.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта ҷазо барои машғул шудан ба фолбиниву ҷодугарӣ пурзур шуд. Парлумони кишвар ба банди 2-юми моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид карда, андозаи ҷаримаи маъмуриро то 80-100 нишондиҳанда зиёд кард ва дар баробари ин, ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз илова гардид.
Қаблан ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро пешбинӣ мекард.
Ҳамчунин, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (агар чунин кирдор давоми сол баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз як то ду соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Қаблан барои ин кирдор танҳо ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда буд.
Ба иттилои ВКД, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ошкор шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста