Раёсати Вазорати корҳои дохила (ВКД) дар вилояти Суғд ду куштори мудҳиш, ки ҳарду даҳҳаи аввали моҳи август содир шудааст, шарҳ доданд. Дар як маврид шавҳар аз дасти ҳамсараш кушта шуда, дар ҳолати дигар ҷавондухтар аз ҷониби дӯстдоштааш ба қатл расонида шудааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси вилоят дар шарҳи ин кушторҳо дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфт, ҳодисаи якум, рӯзи 2-юми август дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен рух дода, Маърифат Исмоиловаи 27-сола шавҳараш Бутур Ҳомидови 49-соларо “куштааст”.

Сабаби куштор муноқишаи оилавӣ гуфта мешавад.

“Шавҳарам дар ҳолати мастӣ буд, гулуямро буғӣ карда, таҳдид кард  бачаамро гирифта, ҷавоби худамро медиҳад. Аз дар ғазаб шуда чи кор карданамро намедонистам ва бо корд як маротиба задам ва  ба китфи чапи шавҳарам задам”, - нақл мекунад зан дар барнома.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаи дуввум, рӯзи 9-уми август дар шаҳри Хуҷанд рух додааст.

Ҷавондухтари 21-сола, сокини ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент дар манзили иҷорааш аз дасти дӯстписари 17-солааш ба қатл расонида шудааст.

Ба гуфтаи Акбар Шарифӣ, баъди “муноқишаи лафзӣ атрофи муносибатҳои маҳрамона”, ҷавон ба гулӯ ва шиками духтар 8 зарби корд зада, ба қатл расонидааст.

“Баъди анҷом додани ҷиноят барои пинҳон додани ҳодиса ҷасадро ба курпа печонида бо ноқил баста дар таги рахти хоб пинҳон  ва ҷойи ҳодисаро тарк намудааст”, - гуфта мешавда дар гузориш.

Дар барнома ҳарду гумонбар ҳам ба гуноҳи худ иқрор мешаванд. Вале таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Ҳоло нисбати гумонбарони ҳарду ҳодиса барои одамкушӣ ё моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳарду дар боздоштанд.

Назари наздикони ҷабрдидаҳо маълум нест.

Куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ё дӯстдоштаҳо аз дасти якдигар ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд.

Тибқи иттилои Додситонии вилояти Суғд дар ним соли 2025-ум 10 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар тамоми Тоҷикистон дар ин давра 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.