Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, нафаре, ки дар Маскав бо корд ба кормандони полис ҳуҷум кард, шаҳрванди Тоҷикистон нест.
Рӯзи 27-уми август дар шоҳроҳи Шелково як мард ду зарфи оташгир ё "коктейл Молотов"-ро ба сӯи автомашинаҳои корманди ВКД партофта, сипас бо корд ба кормандони пулис, ки барои боздошти ӯ омада буданд, ҳамла кард.
Худи ҳамон рӯз, телеграми "База", ки наздик ба мақомоти қудратии Русия аст, бо истинод ба манбаъҳояш дар ВКД маълумот дод, ки ҳамлагар “шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон мебошад”. Аз ӯ Шерафган Кунҷумов ном бурданд.
Вале ВКД Тоҷикистон дирӯз, бо нашри як баёния афзуд, “ба ному насаби Кунҷумов Ш.М. ягон маротиба шиносномаи миллӣ ва ё хориҷӣ ба ӯ дода нашудааст, яъне шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест”.
Ин ниҳод гуфт, Кунҷумов Шерафган Муминҷонович, соли таваллудаш 1999, зодаи вилояти Саратов буда, шаҳрванди Русия мебошад.“Номбурда соли 2017 аз ҷониби Хадамоти амнияти федералӣ (ФСБ) барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб гардида, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст. Ӯ муҳлати ҷазоро дар муассисаи ислоҳии ИТ-6 шаҳри Клинтси вилояти Брянск адо намуда, моҳи майи соли 2025 ба озодӣ баромадааст”, - гуфта мешавад дар баёнияи ВКД.

Қабл аз ин, хабаргузории “Агентство” ҳам навишт, ки Шерафган Кунҷумов шаҳрванди 25-солаи Русия аст. Ӯ дар Саратов таваллуд шуда, ҳамон ҷо ба қайд гирифта шудааст. Дар синни 14-солагӣ дар Саратов шиносномаи Русия гирифта, баъдан ба Балашихаи вилояти Маскав омадааст. Маълумоти дар бораи ӯ дар пойгоҳҳои манбаъҳои Маскав дар соли 2015 пайдо шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи Преображенскии Маскав Шеравган Кунҷумовро бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (моддаи 317-и Кодекси ҷиноии Русия) ба ҳабс гирифт.
Дар наворе, ки ин додгоҳ нашр кард, Кунҷумов бо сару дастҳои баста дида мешавад.
Ба гуфтаи муфатишон, Кунҷумов гуфтааст, ки ба пулис барои он ҳамла кардааст, ки аз бархӯрд бо мусалмонон дар зиндонҳои Русия қаноатманд нест. Додгоҳ бидуни зикри ҷузъиёт хабар дод, ки Қунҷумов қаблан ҳабс шудааст.
Ин бори аввал нест, ки расонаҳои Русия бидуни маълум кардани ҳуввияти шахсони алоҳида дар ҳаводиси мухталиф шаҳрвандони Тоҷикистонро гумонбар мекунанд. Соли гузашта ҳам зимни ҳамла ба “Крокус сити ҳол” расонаҳои Русия исми се шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони ҳамла ба он нашр карданд. Вале баъдан маълум шуд, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд ва ҳеҷ иртиботе ба ин ҳодиса надоранд .Он замон ВКД ҳам баёния нашр кард, ки онҳо дар Тоҷикистон ҳастанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста