Комиссияи байналмилалии озодии динии Амрико “USCIRF” дар гузориши тозаи худ Тоҷикистонро ба рӯйхати сиёҳи “кишварҳои махсус нигаронкунанда” ворид кардааст.
Бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон», USCIRF дар гузориши ҷадиди худ, ки рӯзи 26 апрел нашр гардидааст, гуфтааст, дар Тоҷикистон фишорҳо болои фаъолиятҳои динӣ пурзур гашта, рейдҳои оммавӣ баргузор мешавад ва баъзе афрод ба хотири эътиқоду боварии динияшон зиндонӣ мешавад.
Гузоришгарон басташавии масҷидҳоро дар Тоҷикистон зикр карда, манъи масҷидравии шаҳрвандони зери 18-соларо ёдрас кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо назир надорад.
Бар асоси омори ин ниҳод 7.9 миллион аҳолии Тоҷикистон мусулмон буда, бештарашон пайрави мазҳаби Ҳанафия мебошанд. Комиссияи мазкур 4 дарсади мардуми Тоҷикистонро пайрави мазҳаби Исмоилия гуфтааст. Ба иттилои манбаъ 150 ҳазор насронии Тоҷикистон пайрави ортодокси русӣ буда, протестант ва католикҳои романӣ ҳам дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд: “Илова бар ин дар Тоҷикистон теъдоди ками баҳоиҳо, Ҳаре Кришна, Шоҳидони Яҳво ва камтар аз 300 яҳудӣ зиндагӣ мекунанд”.
Муаллифони гузориш бо ишора ба муҳити қонунии Тоҷикистон гуфтаанд, ки он аз соли 2009 озодиҳои диниро маҳдуд кардааст: “Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон аз соли 2009 барои гуруҳҳои динӣ маҳдудиятҳои бузург пеш омадааст. Фаъолиятҳои сабтиномнашуда, таълими динии шахсони алоҳида ва таблиғи диниро ҷурм меҳисобад. Теъдоди масҷидҳоро маҳдуд кардааст. Дахолати давлатро дар таъини имомхатибон иҷозат медиҳад. Барои ташкилотҳои динӣ иҷозатномаи махсус лозим аст. Мазмуни маводҳои динӣ, нашр ва ворид кардани онҳо зери назорати давлат аст".
Комиссиюни байналмилалии озодии динӣ, ки расман мақоми машваратии раисиҷумҳури Амрикоро дорад, тавсия додааст, ки ҳукумати ИМА бояд, “ба ҳукумати Тоҷикистон фишор биёрад то қонуни соли 2009 ва дигар қонунҳои марбутро ба тааҳуддоти байналмилалӣ мутобиқ кунад. Бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусус дар мавриди мубориза бо терроризм, ки аз ҷониби САҲА дастгирӣ мешавад, кор кунад. Аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кунад, ки ворид шудани гузоришгарони СММ дар мавриди озодии диниро иҷозат диҳад. Барои сафорати Амрико шароит фароҳам кунад то парвандаҳои додгоҳии нафаронеро, ки бо фаъолиятҳои динӣ айбдор шудаанд, пайгирӣ кунад”.
Ин комиссия дар қатори Тоҷикистон Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Арабистони Саудӣ, Судон, Узбакистон, Туркманистон пешниҳод кардааст, ки имсол Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Нигерия, Покистон, Русия, Сурия ва Ветнам низ ба рӯйхати кишварҳои махсус нигаронкунанда ворид карда шаванд.
Гузоришгарон аз 12 кишвари дигар-Туркия, Озарбойҷон, Куба, Ҳиндустон, Миср, Ироқ, Қазоқистон, Афғонистон, Лаос ва Малайзия зикр кардаанд, ки дар онҳо низ озодиҳои динӣ нақз мешаванд. Ин комиссия, ки соли 1998 бо қарори Конгрес ташкил шуд, ҳамасола барои раисиҷумҳури Амрико, Вазорати умури хориҷӣ ва парлумони ин кишвар тавсияҳо таҳия мекунад ва расман мақоми мушовириро дорад.