Муовини раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин Алехен Еминбахэ пагоҳ, 23 май бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҶТ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди Алехен Еминбахэ бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар назар аст.
Гуфта мешавад, муовини раиси кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алехен Еминбхахе ва ҳамроҳони ӯ ҳамчунин аз осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз», Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, майдони «Дӯстӣ», боғи устод Рӯдакӣ, маҷмааи нишон ва Парчами миллии Тоҷикистон ва ҷойҳои зебоманзараи ноҳияи Варзоб боздид мекунанд.
Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин мақоми олии ҳокимияти давлатӣ (парлумон)-и Чин мебошад. Ба ҳайати он вакилон аз музофоту ноҳияҳои мухтор, шаҳрҳои тобеи марказ ва қувваҳои мусаллаҳ шомиланд. Вакилони ин маҷлис ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд.
Узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Чин даъвати 19-ум, муовини раиси Маҷлиси умумичинии вакилони мардумии Чин даъвати 13-ум Алехен Еминбахэ 65-сола буда, миллаташ уйғур аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста