Маркази матбуотии Шӯрои Аврупо хабар медиҳад, ки раиси Шӯро Доналд Туск сафари Осиёи Марказиашро рӯзи 29 май аз Тоҷикистон шуруъ мекунад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, вай 30 май ба шаҳри Нурсултон меравад.
Гуфта мешавад, Доналд Туск 31 май дар Қазоқистон бо президенти муваққати он кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ва президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дидору гуфтушунид мекунад.
Санаи 31 май Доналд Туск ба Ӯзбекистон ташриф оварда бо президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев мулоқот анҷом медиҳад.
Сафари раиси Шӯрои Аврупо дар минтақа то 2-юми июн идома мекунад. Туск дар ҳоле ба кишварҳои Осиёи Марказӣ меояд, ки дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 15-уми май дар Брюссел ёддошти муштараки ин ниҳодро дар бораи стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ қабул карданд.
Ин қадами ниҳоӣ дар остонаи қабули стратегияи “ИА ва ОМ: Имкониятҳои нав ба хотири ҳамкориҳои қавӣ” аст, ки интизор меравад моҳи июни имсол аз тарафи вазирони умури хориҷии эътилоф тасвиб ва моҳи июл дар мулоқоти раҳбари сиёсати хориҷии ИА Федерика Могеринӣ дар Бишкек муаррифӣ шавад.
Стратегияи нав бо ҳадафи мусоидат ба минтақа дар муқобила бо ҳама гуна зарбаҳои (иқтисодии) дохиливу хориҷӣ, риояи қонун ва ҳуқуқи башар, фароҳам овардани фазои озоди кор барои сохторҳои маданӣ ва матбуоти мустақил амалӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста