Русия ба рушди забони русӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад. Дар ин бора муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон, вакил аз фраксияи “Единая Россия” Виктор Водолатский ба “Дума ТВ” изҳори назар кардааст.
Вакил гуфтааст, ки ин зинаҳои як низоми таҳсил: мактаб, давраҳои омӯзишии омодагӣ, маркази захиравӣ ва минбаъд бакалавриат оид ба ихтисос мешавад.
Водолатский дар ҳайати Русия таҳти роҳбарии раиси Думаи давлатӣ охири ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон омада буд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли ҷорӣ муовини вазири мариф ва илми Тоҷикистон Фатҳиддин Усмонзода изҳор дошта буд, ки то охири соли равон бунёди 5 мактаби таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад.
“Айни замон корҳои муайян ба сомон расонида шуда, ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби Русия сохтор ва шахсони масъул интихобу лоиҳаҳои ин мактабҳо таҳия мегарданд. Умедворем, ки то охири ҳамин сол корҳо оғоз мешаванд”, - гуфта буд муовини вазир ба рӯзноманигорон.
Дар навбати худ вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид дар ин робита изҳор дошт, ки барои бунёди 5 мактаб аллакай қитъаҳои замин ҷудо шудааст.
“Дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар, Хуҷанду Душанбе ва Турсунзода қитъаҳои замин кайҳост, ки ҷудо шудааст. Ҷониби Русия ин қитъаҳоро аз назар гузаронида, интихоб кард. Дар Душанбе ин мактаб дар маҳаллаи Зарафшон сохта мешавад”, - гуфта буд ӯ.
Вазир ҳамчунин зикр карда буд, ки ҳар яки ин мактабҳо барои 1240 нафар ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, бо таҳҳизот ва озмоишгоҳҳои зарурӣ таъмин хоҳанд шуд.
Тибқи маълумот оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумӣ ба забони русӣ амал мекунанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста