Дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и шаҳри Душанбе, имрӯз 17 сентябр ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Созмон ба кор оғоз намуд.
Дар нишасти Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони кишварҳои узви СҲШ - президенти Қазоқистон - Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қирғизистон - Садир Жапаров, сарвазири Покистон - Имрон Хон, президенти Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев, сарони кишварҳои нозири назди СҲШ - президенти Беларус - Александр Лукашенко ва президенти Эрон - Сайид Иброҳим Раисӣ иштирок доранд.
Президенти Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух низ тариқи онлайн дар ин ҷаласа ширкат меварзанд.
Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба сифати меҳмони фахрӣ, дабири кулии СҲШ Владимир Норов ва директори сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов низ ҳузур доранд.
Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат мекунанд.

Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Дар ҷараёни саммити ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ мешаванд.
Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, иқдомҳои муштаракро дар доираи СҲШ баҳри рафъи оқибатҳои буҳроне, ки аз пандемияи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, баррасӣ хоҳанд кард.

Чӣ қабул мешавад?
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити СҲШ дар Душанбе сарони давлатҳои узви СҲШ дар бораи оғози раванди қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳайси давлати узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарики муколама ба Ҷумҳурии Мисри Арабӣ, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қарор қабул кунанд.
Сарони давлатҳои узв ҳамчунин дар бораи Дабири кулли нави Созмони ҳамкории Шанхай ва Директори Кумитаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ қарор қабул хоҳанд кард.
Дар поёни ҷаласа бори аввал дар таърихи СҲШ Суруди Созмон, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мувофиқа расидааст, садо медиҳад.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои саммити таърихии СҲШ Эъломияи душанбегии 20-солагии СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шаванд.

Дар куҷо ҷараён дорад?
Ин ҳамоиш дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и Душанбе ҷараён дорад. Маҷмаа яке аз иншооти пуршукӯҳу шаҳомати пойтахти Тоҷикистон аст. Тарҳи меъмории хоси он, ки тамоюлҳои сабки миллии тоҷикиро инъикос мекунад, хеле ҷолибу диданӣ аст. Барои офаридани ин шоҳкории меъморӣ аз саросари ҷумҳурӣ устоҳои беҳтарин даъват карда шуда буданд.
Маҷмааи “Кохи Наврӯз” соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Он замон маҳз дар ҳамин ҷо нишасти 14-уми СҲШ баргузор шуд.
Ҳар кадоме аз 12 толори маҷмаа бо услуби пуршукӯҳу мутантан зебу оро дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Марде аз Амрико дар зери харобаҳо намунаҳои чойхонаи тоҷикиро пайдо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2026
Шабакаҳои гармидиҳӣ ҳам гармиро 17% қиматтар мехарад. Нархи гармӣ барои аҳолӣ ҳам боло меравад?
Тақрибан 30 ҳуҷраи алоҳида барои кумак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ. Ин утоқҳо дар куҷо воқеанд?
“Ошиқони ғоявӣ”-и “баргузида”, ки Трамп рабуд ва ба зиндон бурд. Николас Мадуро ва ҳамсараш Силия Флорес кистанд?
Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?
Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст
Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1
Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста