Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Кулубаев Жеенбек бо ҳайати ҳамроҳон ва ҳамтоёни Тоҷикистонии рӯзи 5 феврал дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боздид карданд.
Тавре ки дар саҳифаи Фейсбуки неругоҳ хабар дода мешавад, меҳмононро мутахассисони ҶСК Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар иншооти асосии Нерӯгоҳ аз наздик шинос карданд.
Гуфта мешавад, дидор аз иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4), Сарбанди бунёдшавандаи хокию сангии баландтарини дунё бо иртиқои 335 метр, обқабулкунакҳои асосии нерӯгоҳ дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар иншооту нақбҳои нақлиётию дастрасӣ, ки ҳама зери заминиянд, барои ҳайати дипломатҳо мароқангез ва қобили таваҷҷуҳ буд.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
НБО «Роғун» аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар неругоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста